arzon replenishment
Чаро Бахтигул аввал 3 фарзанд ва баъд худашро аз ошёнаи 9-ум партофт?
9180

Як ҷавонзани 28-сола бо исми Бахтигул аввал се фарзанди хурдсолаш ва сипас худро аз ошёнаи 9-уми бинои баландошёна ба замин ҳаво додааст. Кӯдакони маъсуме, ки бо дасти модар ба таври ваҳшиёна ба марг маҳкум шуданд, ҳанӯз ҳатто мактабхон набуданд. Духтарчаи калонии Бахтигул нав шашсола шуда, дуввумӣ панҷсола ва хурдӣ дуюнимсола будааст.


Як зани фаррош, ки чи тавр даст ба худкушию фарзандкушӣ задани ин ҷавонзанро бо чашми худ дида, шоҳиди бевоситаи ин рӯйдоди ваҳшатнок гаштааст, ҳодисаро чунин нақл кардааст:
“Ман машғули кӯчарӯбӣ будам, ки чизи “топпӣ” карда, гурсосзанон ба замин афтид. Ростӣ, аввал гумон кардам, ки касе партовҳояшро аз тиреза ба замин партофта истодааст. Сарамро бардошта дар назди тирезаи балкони ошёнаи 9-ум зани ҷавонеро дидам, ки бо чашмони ҳаросон ба замин менигарист. Дод задам, ки ҳой занак, партовҳоро аз тиреза ба замин напарто, ки ҳозир ба пулис занг мезанам, вале ҳанӯз гапамро тамом накарда, занро худро ба замин ҳаво дод...”
Ба гуфти ҳамсояҳо ҷавонзан дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дошта, вазъи рӯҳиаш ончунон хароб будааст, ки ҳатто меҳру муҳаббати модаронааш натавонист ӯро аз фарзандкушию худкушӣ боз дорад. Наздикони хонавода дар ин фоҷиаи мудҳиш шавҳари Бахтигул-Нурсултонро гунаҳкор карда мегӯянд, ин марди занҷаллоб ва беандеша ҳамсарашро ранҷу азобҳои бисёре дода, билохира то ба худкушию фарзандкушӣ расонд.
Аз рӯйи гуфти ҳамсояҳо Нурсултон марди золим ва қиморбоз буда, тамоми маблағи меёфтаашро сарфи айшу ишрат мекардааст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, вай занбози гузаро буда,ба ҳамсараш доим хиёнат ва занбозию духтарбозӣ карда мегаштааст. Яке аз маъшуқаҳои Нурсултон ҳамеша ба хонааш занг зада, бо суханони нешдор ва таҳқиромези худ ба захми дили Бахтигул намак мепошидааст.
Билохира, ҷавонзан ба қиморбзӣ ва занбозии шавҳари хиёнаткораш тоб наоварда, аввал се фарзандашро аз ошёнаи нуҳум ба замин ҳаво медиҳад ва сипас даст ба худкушӣ зада, худро низ мепартояд.


Ҷавонзани даст ба фарзандкушию худкушӣ зада бо умеди хушбахтии оилавӣ ҳамроҳи ҳамсараш аз Туркманистон ба шаҳри Алма-атои Қазоқистон рафта буд, вале ба ҷабру ҷафои шавҳари бадҷинсаш тоб наоварда, дар мулки бегона худ ва фарзандонашро ба таври фоҷиавӣ аз зиндагӣ маҳрум намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД