Formula novemver 2024
ЧАРО АЛЕКСЕЙ АЗ НАРГИЗА ГУРЕЗОН ШУД?
03.03.2021
Р. Азимӣ
5967

 

Салом “Оила”-и дардошно. Ин мактубро ба шумо аз Русия менависам. Ман мухлиси ҳамешагии ин ҳафтанома ҳастам. Мехоҳам саргузашти дугонаамро бароятон қисса кунам.

Як марди шиносам бо номи Алексей бо дугонаам Наргиза хонадор шуд. Онҳо дар шаҳри Магнитогорски Федератсияи Русия зиндагонӣ мекарданд. Мутаассифона, пас аз 2 соли зиндагӣ аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Боре бо Алексей дар як шабнишинӣ вохӯрда, сабаби аз дугонаам ҷудо шуданашро пурсон шудам. Дар ҷавоб ин марди рус ба ман 5 сифати бадеро номбар кард, ки дар хислати зани тоҷикаш ӯро дилгир намудааст. Алексей ба ман гуфт: “Медонӣ аз чӣ дилмонда шудам? Якум, аз чашмгуруснагиву талаботи аз ҳад зиёди занам. Пайваста аз ман либосҳои гаронбаҳо, ҷавоҳирот, телефону дигар чизҳоро талаб мекард. Мегуфт, ки зани ҳамсоя ин дораду  мо надорем.

Ба ӯ мефаҳмондам, ки мо ҳоло чунин имконият надорем, аммо ман дар оянда кӯшиш мекунам туро бо ҳама чиз таъмин намоям, вале занам ҳамоно девонагӣ мекард. Якравӣ карда, «харида деҳ ва тамом» мегуфт. Баъдан чунон рашки сахт дошт, ки ман чунинашро дар умрам бори аввал дидам. Пештар фикр мекардам, ки духтарони рус аз ҳад зиёд рашк мекунанд, ҳоло мегӯям, ки аз зани тоқик бадрашктаре дар ҷаҳон нест.

Саввум, занам хеле ҳасудхӯр буд. Агар чизеро дар дасти дугонааш ё ягон каси дигар бинад, фавран талаб мекард, ки онро барояш харида диҳам. Аслан ба ҳама чиз ҳасад мебурд. Чаҳорум, Наргиза дар бораи ҳама сухани бад мегуфт. Ҳатто дар бораи дӯстонаш, дугонаҳояш ва хешу табораш ҳамеша бадгӯӣ мекард, ҳамаро бахил, ганда ва беақл мешуморид. Ҳамеша фикри бад мекарду бадгумон буд. Ин хислаташ хеле дилгиркунанда буд. Панҷум, тозаву озода набуд. Наргиза дар ҳақиқат хӯрокҳои болаззат мепухт, аммо ба тозагии худ диққат намедод. Аксарияти духтарони тоҷик ба тозагиву намуди зоҳирии худ чандон диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Ҳамин тавр, аз зиндагӣ бо зани тоҷик дилмонда шудам. Бо Алексей хайрухуш кардаму гуфтаҳояш маро ба гирдоби андешаҳо афканд.
Имрӯз дугонаам Наргиза дар як тарабхонаи шаҳри Маскав ба ҳайси косашӯ кор мекунад. Ранги рӯяш хеле заъфарон гашта бошад ҳам, сир бой намедиҳам. Шавҳарашро дӯст медошт ва ҳатто розӣ буд, ки ҷонашро қурбони ӯ созад, аммо шишаи бишкастаро дубора пайванд кардан мушкил аст.
Ҳанифа, ш. Маскав

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД