Formula novemver 2024
Чанд тавсия ба модарони ҷавон
594

Ҳазор рӯзи аввали ҳаёт аз лаҳзаи дар батни модар пайдо шудани ҷанин то ду солагии тифлро дарбар мегирад.

Синамаконӣ аз лаҳзаҳои аввали баъд аз таваллуди фарзанд нақши калидӣ дорад, зеро хатари хунравиро кам мекунад ва барқароршавии бачадонро метезонад. Дар ин давра модаронро зарур аст, ки тифли худро ҳам руҳан ва ҳам ҷисман ба воя расонанд.

Доир ба ин масъала Наргиза Абдурахмонова, табиб-акушер-гинекологи Муассисаи давлатии "Таваллудхонаи шаҳрии №2"-и пойтахт, мутассадии Ташакули тарзи ҳаёти солим андешаҳояшро ба "Оила" гуфт.

Ба баёни табиб, шири модари солим дорои витаминҳои ҳаётан муҳим буда, қувваи муҳофизатии бадани кӯдакро беҳтар мекунад ва ӯро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногун ҳифз мекунад. Фаллае, ки дар рӯзҳои аввали баъд аз таваллуд ба тифл дода мешавад, ӯро 3-4 моҳ аз тамоми бемориҳои сироятӣ нигоҳ медорад ва то шаш моҳагӣ ба тифл басанда аст.

Тифлӣ даврае аст, ки аз чӣ гуна сурат гирифтани он саломативу саводнокӣ ва зиндагии минбаъдаи инсон вобастагӣ дорад. Маҳз бо шарофати нигоҳубину ғамхории пайваста як рӯз ба рӯз инкишоф ёфта, нерӯ мегирад, ба ҳаракат медарояд, роҳ мегардад, гап мезанад ва ба тифлаки фаъол мубаддал мегардад.

Дар ин давра волидон, бибиву бобо, наздикон, мураббияҳо, атрофиён дар рушди ҳамаҷонибаи кӯдак нақши худро мегузоранд. Дар ҷараёни рушдёбӣ тифлакон қобилияти биноӣ, шунавоӣ, гап задан, ҳаракат кардан, фикрронӣ ва бартараф намудани мушкилиҳоро пайдо менамоянд. Афзоиш ва рушдёбии ҳар кӯдак вобаста ба ирсият ва таъсири муҳити зист фарқкунанда аст.

Синну соли модар ва миқдори оҳане, ки дар ҷисми зан вуҷуд дорад, ба рушди кӯдак таъсир мерасонад. Маҳз аз вазъи зиндагӣ, саломатии модар ва ғизое, ки тифл қабул мекунад, вобастагӣ дорад, ки оё тифл дар оянда кунҷкоб шуда, ба илмомӯзӣ шавқу рағбат ва ҷасорат пайдо мекунад ё не.
Дар рушд ва инкишофёбии дурусти кӯдак калонсолоне, ки нигоҳубини тифлро ба уҳда доранд, волидон, кормандони тиб, омӯзгорон, намояндагони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дигарон бояд масъул бошанд.

Вақте ки тифлакон муҳаббати атрофиёнро эҳсос намуда, бо наздикони худ бозӣ мекунанду робитаи зич доранд, ҳама чизро ба зудӣ аз худ мекунанд, меомӯзанд. Барои кӯдакон китоб хондан, афсона нақл кардан, онҳоро ба оғӯш гирифтан, навозиш кардан боиси он мегардад, ки кӯдак аз ҷиҳати ақлонӣ хеле хуб рушд меёбад.

Вақте кӯдакон садову симои ошноро мебинанду мешунаванд, вақте имкони бо ашёҳои гуногун бозӣ карданро доранд, фаҳмишу идрокашон мустаҳкам мегардад. Ҳатто агар тифли навзод ва кӯдак имкони дарк намудани фаҳмидани ибораҳоро надошта бошад ё масалан, маъюб бошад, волидон ва мураббияҳо бояд ҳамроҳи кӯдак гап зананд, суруд хонанд, китоб мутолиа намоянд. Ин амалҳо барои рушди ақлонии

Тифлаконе, ки худро дӯстдоштанӣ ва дар бехатарӣ эҳсос мекунанд, чун қоида дар зиндагӣ ба пешравиҳои зиёде ноил мегарданд, зеро ба худ эътимоди бештаре доранд ва мушкилоти сарзадаро сабуктар рафъ месозанд. Тифлакони навзод ба нигоҳубини пайваста ниёз доранд.

Тифлро танҳоӣ гузоштан қатъиян манъ аст. Дар акси ҳол эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои нохуш ба миён меояд. Беаҳамиятӣ нисбати тифл боиси манъ гаштани инкишофи равонӣ ва ҷисмонии тифл мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД