Arzon march 2024
Чанд сабаби пайдоиши хурроккашӣ
866

Намедонам дардамро ба кӣ гӯям. Нав оиладор шудаам, вале ҳамсарам баланд хуррок мекашад. Ӯро хеле дӯст медорам. Ниҳоят зани меҳрубон ва ғамхор аст. Вале шаб канораш хобида наметавонам. Хобам ниҳоят нозук ва хурроки занам баланд аст.

Ин суханонро рафиқам, ки баъди тӯй сари як пиёла чой рози дил намудем, нақл намуд. Пайи ин масъала шудам. Албатта, хуррок кашидан ҳама вақт нороҳаткунанда аст. Он агар дар зан бошад, тамоман қобили қабул нест.

Барои занҳо таҳаммул кардани хурроки мард оддат шудааст, чунки қисми зиёди мардҳо хуррок мекашанд. Вале агар миёни ҳазор зан якеаш ин амалро анҷом диҳад, оламу одам хабардор мешавад.

Инҷо якчанд сабабҳои хуроккаширо ҷамъоварӣ намудем. Хуррок кашидан, пеш аз ҳама, як навъи беморӣ аст. Яъне, он худ ба худ пайдо намешавад. Шояд бисёриҳо донанд, ки хуррок кашидан ин бемории роҳи нафас мебошад.

Яке аз сабабҳои дигари хуррок кашидан ин фарбеҳӣ буда метавонад. Олимон кайҳо исбот намудаанд, ки ҳатто бемории фарбеҳии дараҷаи аввал ҳам метавонад сабаби пайдоиши хуррок дар инсон шавад. Яъне, вазни зиёд барои озод нафас кашидан дар вақти хоб халал мерасонад.

Дигар сабаби хуррок кашидан истеъмоли нушокиҳои спиртӣ аст. Агар кас бе нушидани нӯшокиҳои спиртӣ хуррок кашад, пас аз истеъмоли он аҳвол бадтар мешавад.

Кашидани сигор низ зарари бевосита ба роҳҳои нафасро дорад. Истифодабарии тамоку хуррокро пайдо мекунад.

Истеъмоли доруи хобоваранда низ боиси ин амал аст. Донишмандони соҳаи тиб иброз медоранд, ки доруҳои оромкунанда низ сабаби хуррок кашидан мешавад.

Алергияи роҳҳои нафас низ барои пайдоиши хуррок сабаб буда метавонад. Нафароне, ки аз донагиҳо алергия доранд ва роҳҳои нафасашонро танг мекунад, хурок мекашанд. Албатта, чунин нафарон агар эҳтиёт кунанду донагӣ нахӯранд, шаб орому роҳат хоб мекунанд ва хурросашон ҳам касеро бедор намекунад. Яъне, ин беморӣ дар онҳо доимӣ нест.

Пиронсолон низ хуррок мекашанд. Ҳарчанд, ин одат дар ҷавонӣ дар онҳо набуд, аммо бо солдида шудан мушакҳои тамоми организм фарсуда мешаванд ва нафасро ба хуби фурӯ ё берун бароварда наметавонанд. Бо ин боис дар хобашон хуррок мекашанд.

Дар ҳамаи ҳолат чунин садо баровардан дар вақти хоб ба ҳама нороҳаткунанда аст. Инчунин, кашидани хуррок нишонаи он аст, ки организм ба пурагӣ бо оксиген таъмин намешавад. Махсусан, агар мағзи сар бо оксиген таъмин нашавад, фаъолияти кориаш заиф мегардад.

Хуроккашӣ дар кӯдакон бошад, сабаби рушд наёфтани мағзи сар мегардад. Агар наздикони шумо бо ин беморӣ худ ва дигаронро азият диҳанд, ба духтур муроҷиат намудан лозим аст, зеро кашидани хуррокро пешгирӣ кардан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД