Formula september
Чанд нишонаи муҳаббати шавҳар
883

Қариб ҳамаи ҷавондухтар баргҳои гули бобунаро канда, як-як ҳисоб мекунад, ки дӯстписараш ӯро дӯст медорад ё не. Албатта, мушкилиҳои зиндагӣ сари китфони зан бор мешаванду ба гулчинӣ вақт намемонад, аммо миёни ин ҳама гиру дори зиндагӣ ҳар зан мехоҳад сухани хуш шунаваду ҳис кунад, ки марди ҳаёташ ӯро дӯст медорад ва ҳама вақт дар фикри ӯст.

Баъзан ҳангоми реза кардани пиёз фикрҳои ғалатӣ ба сари кас меояд, ки шавҳарам маро ҳанӯз ҳам дуст медошта бошад ё не. Мо ин ҷо чанд нишонаи муҳаббат доштани шавҳар нисбати шуморо ҷамъ овардем. Агар ин амалҳоро дар ҳамсари худ бинед, пас ӯ нисбат ба шумо беаҳаммият нест ва метавонед шодона зиндагиатонро идома диҳед.

  1. Авалан ӯ ба шумо эҳтиром мегузорад: ҳам ба шумо ва ҳам ба гуфтаҳою маслиҳатҳои шумо. Дар ҳамаи масъалаи дар зиндагӣ пеш омада бо шумо маслиҳат мекунад;
  2. Ӯ барои шумо чаҳорчуба намесозад. Яъне, кору рафтори шуморо зери назар намегирад ва ба шумо боварӣ дораду дар масъалае, ки шумо онро хубтар медонед, ба шумо такя мекунад;
  3. Ҳангоми бемориатон шуморо парасторӣ мекунад, ба корҳои хона кӯмак менамояд ва аз ҳолатон доим пурсон мешавад;
  4. Ба ваъдаҳояш амал мекунад. Албатта, суханҳо ё амалҳои маҷбурие, ки бояд анҷом диҳад, ба ин кор дохил намешаванд. Дар ин вақт ҳамон ваъдаҳое, ки махсус ба шумо рабт дорад, иҷро мешавад, ки ин нишонаи дӯстдории шавҳари шумост;
  5. Ҳангоми мушкиле, ки ба сари шумо омадааст, чӣ моддӣ бошад чӣ маънавӣ, барои ҳаллаш ба шумо кӯмак мерасонад. Ин бояд аз чашми шумо пинҳон намонад. Агар хоҳад ин корро намекунад, аммо шумо ва мушкилиҳои шумо барои ӯ беаҳаммият нестед;
  6. Агар хушҳол будани шуморо ҳамсаратон ҳоҳад ва барои табассуми шумо кореро анҷом диҳад, пас мехоҳад шумо доим хушбахт бошед. Аз ин маълум мешавад, ки меҳри ӯ нисбат ба шумо кам нашудааст;
  7. Камбудии ҷисмонию равонии шуморо таъна намезанад, балки чӣ гунае ҳастед, ҳамон хел шуморо қабул мекунад;
  8. Ӯ барои ободии зиндагии шумо ва оилааш ҳамавақт кӯшиш мекунад.

Агар ин нишонаҳо дар ҳаёти шумо дида шаванд, пас маълум мешавад, ки меҳру муҳаббати шавҳаратон нисбат ба шумо ҳанӯз ҳам побарҷост.

Ҳарчанд ин нишонаҳои хурду назарногиранд, аммо шумо бояд ба онҳо аҳаммияти ҷиддӣ диҳед ва барои ҳар яки он ба ҳамсаратон миннатдорӣ баён намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД