Бонувон дар интихоби либос завқи баланд доранд ва ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки сару либосашон ба мӯд мувофиқ бошад, вале на ҳар зан ороишоти заргариро дуруст интихоб карда метавонад.
Аксаран чунин мешавад, ки зан мувофиқи мӯди охирин либос ба бар намудааст, вале гарданбанд, ангуштарин ва гӯшвораҳои пӯшидааш тамоман ба сару либосаш мувофиқат намекунанд. Аз ҳамин хотир мо қарор додем дар бораи нозукиҳои интихоби ороишоти заргарӣ, махсусан ангуштарин, ки дарҳол ба назар мерасад, ба шумо-бонувони азиз маслиҳат диҳем.
Ҳангоми харидани ангуштарӣ
чиро бояд ба назар гирифт?
Албатта ҳар як инсон зару зеварро мувофиқи завқ ва салиқаи худ интихоб менамояд, вале баъзе нозукиҳое ҳастанд, ки ҳатман бояд ба назар гирифта шаванд. Барои он ки ҷавоҳиротатон шуморо ба назар ҷаззобу дилкаш ҷилва диҳад ва баъзе нуқсонҳоятонро рӯйпӯш созад, натанҳо ба намуди ороишот ва арзиши он, балки ба мутоқибат кардан ё накардааш ба синну соли шумо ва шакли рӯю ангуштонатон низ диққат диҳед.
Ба духтарон чи гуна ангуштарӣ мезебад?
Ҳангоми харидани ангуштарӣ синну сол ва чигунагии панҷаи дасту ангуштони занро ба назар гирифтан шарт ва зарур аст. Тибқи мӯди муосир ба духтарон ва бонувони ҷавон бештар ангуштариҳои нозук, нафис ва хурд бо тарҳу ороиши замонавӣ мувофиқ меоянд.
Мӯдшиносон мегӯянд, ангуштарии духтар ё зани ҷавон бояд одӣ ороиш ёфта, зуд ба чашм нахӯрад. Бо чунин ангуштарӣ ҷавонӣ, латофату назокат ва зебоии зоҳирии духтар зуд ба назар мерасад.
Ангуштарии нигиндор ба кӣ мезебад?
Ба бонувони миёнсол ва солор ороишоти ҳаҷман бузурги нигиндор ва бо арзиш зебанда аст. Чунин ангуштарӣ назокати занонаро афзуда, аз завқи баланд ва зебоипарастии соҳибаш дарак медиҳад.
Агар ангуштонатон дароз бошанд...
Ба бонувони ангуштони дароз ва мавзун дошта ангуштарии калони нигинаш қиматбаҳо ё ангуштарии бо нақшу нигори бе нигин мувофиқ меояд. Ба ангуштони дароз ва мавзун ангуштарии қабати болояш рўи панҷа хобида мувофиқ буда, ангуштарии хурд баръакс дар ангушти дароз қариб нонамоён мегардад.
Агар ангуштонатон кӯтоҳ бошанд...
Онҳое, ки ангуштони кӯтоҳ доранд, бояд аз ангуштариҳои паҳну дароз бипарҳезанд, зеро бо чунин ангуштарӣ ангуштон ба назар боз ҳам кӯтоҳтар метобанд. Ба чунин занон ангуштарии нигин ва қуббааш баланди барҷаста мувофиқ аст, то андаке ангуштон дарозтар ба назар расанд.
Ангуштарии секунҷа харед, агар...
Барои панҷаҳои фарбеҳ ангуштариҳои секунҷа, чоркунҷа, бисёркунҷа ва кунҷакдор зебандаанд, зеро фарбеҳии ангуштонро аз назарҳо пинҳон медоранд.