Маҳсулоти лозима:
3-4 дона себ, 1 тухм, 2-3 қошуқ шакар, каме намак, 1 стакон орд.
Тарзи таҳия:
Себҳоро аз донаку пӯсташ тоза карда, аз турбтароши сурохиҳояш васеъ гузаронед. Ба он тухму шакар андохта, омезиш диҳеду ордро кам-кам илова кунед. Агар себ бе об бошад, ба хамир орди зиёд илова накунед. Аз хамири ҳосилшуда як қошуқӣ ба тобаи равғандори тасфонидашуда андохта, чалпак пазед.