Sebiston new 2024 october
Чалпакҳои панирдор
07.12.2024
ОИЛА.ТҶ
542

Маҳсулоти лозима:

200 грамм панири сахт, 2 бандча пиёзи сабз, 200 грамм қаймоқ (сметана), 2 дона тухм, тақрибан 4-5 қошуқ орд, 0,5 қошуқча сода, намак ва равғани растанӣ.

Тарзи таҳия:

Панирро дар даруни зарфи чуқур аз турбтарош гузаронида, пиёзро шуста, маҳин реза кунед. Ба он ду тухм, қаймоқ ва кабудии резаро илова карда, нағзакак аралаш кунед. Содаву намак ва ордро омезиш дода, кам-кам ба хамир илова кунед. Равғанро дар тоба тасфонида, хамирро рехта, бо қошуқ ҳамвор кунед. Чалпаки панириро дар оташи миёна муддати 4-5 дақиқа аз як тараф ва тарафи дигарашро 2 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД