Маҳсулоти лозима:
200 грамм орд, 1 тухм, 3 ½ грамм хамиртуруш, намак, 4 қошуқ шакар, пучоқи ½ лимӯ, 4 қошуқ равғани растанӣ, 2/3 истакон шир.
Тарзи таҳия:
Хамиртурушро дар шири гарм об карда, муддати 10 дақиқа нигоҳ доред. Ба шир шакару намак, тухм ва ордро кам-кам илова кунед. Равғани растаниро бо пучоқи лимӯ ба охир андохта, хамирро бо “килёнка”-и пухтупазӣ печонида, дар ҷои гарм 1 соат нигоҳ доред. Тобаро тафсонида, хамирро якқошуқӣ рехта, аз ду тарафаш сурх кунед.