Маҳсулоти лозима:
130 грамм орд, 2 тухм, 20 грамм асал, 50 мл об, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, 80 грамм шакар, ширқиём.
Тарзи таҳия:
Тухму шакарро лат зада, асали обакиро илова кунед. Ба он об, орд, моддаи ковоккунандаро илова карда, аз хамири ҳосилшуда чалпак пазед. Ба канори ҳар як чалпак каме ширқиём рехта, онро лӯлапеч кунед.