Дар баробари забон, таърих ва фарҳанг либоси миллӣ низ яке аз рамзҳои асосии ҳар як миллат ба ҳисоб меравад.Арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллати худ, зинда нигоҳ доштани забон ва пӯшидани либоси миллӣ аз муҳаббату садоқат ба миллати хеш ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ дарак медиҳад.
Аз 1-март то 30 –уми май бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию миллатпарварӣ ва тарғиби либоси миллӣ дар ҷумҳурӣ аксияи махсусе бо унвони “Тоҷикона либос мепӯшем!” гузаронида мешавад.
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба кормандони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо, хоса ба занону духтарон дар ин давра пӯшидани либосҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас ва чакан тавсия дода шудааст.
Ёдрас мешавем, ки қаблан тавсияҳо доир ба тарзи дурусти либоспӯшӣ таҳия шуда буд ва мувофиқи он ба занону духтарони тоҷик пӯшидани либосҳои сиёҳи барои миллати мо бегона, сатру ҳиҷоб, домони кӯтоҳ-мини юбка, либосҳои нимаурёни аврупоӣ, шими танг, ки нозукиҳои баданро намоён месозад, либоси шабпӯшак ва куртаҳои аз матоъҳои шафоф (прозрачная одежда) ва синтетикӣ дӯхташуда маслиҳат дода намешавад. Бо калӯш ва дампоӣ ба кӯча баромадан низ аз рӯйи одоб нест.