Дар айёми ҷавонӣ гуноҳи бисёр кардам ва ҳозир пушаймон шудаам, аз мурдан ва дар пешгоҳи Худо ҷавоб гуфтан метарсам. Чӣ кор кунам, ки Аллоҳ маро бубахшад.
Сабур, ш. Исфара.
Худованд тавбапазиру меҳрубон аст, агар бандаи гунаҳгор аз самими қалб ва холисона ба сӯи Ӯ бозгардад, албатта тавбаи ӯро мепазирад ва гуноҳонашро мебахшад.
Беҳтар аст, дар ҷавонӣ тавба кунед. Худованд, тавбаи ҷавонро дӯст медорад ва иншоолоҳ мебахшад.