Саидзода
Ҳафт пушти падариву модариам саидзода буда, авлоди мо дар байни мардум обрӯю эҳтироми зиёд доранд. Дар оилаамон мо ҳашт нафар ва ман духтари кенҷагии хонадон будам. Шаш бародар ва апаам маро мисли гавҳараки чашонашон эҳтиёт мекарданд. Апаам дар деҳи боло зиндагӣ мекард. Хушдоманаш зиндагии онҳоро алоҳида карда буд ва шабҳои дар кор будани язнаам модарам маро ба хонаи апаам мефиристод, то ӯро ҳамроҳӣ намоям. Падарам баъзан ғур-ғур мекард, ки духтари калон дар хонаи язнааш чӣ кор мекунад, вале модарам “Дадош, бе Санавбар ҳам корҳои хонаро келинҳо мекунанд, бигзор вай апаашро ҳамроҳӣ кунад” гӯён, маро ба хонаи апаам мефиристод.
Ҷӯгиҳо
Фасли тобистон буд. Апаам тибқи одат кӯдаконашро ба хона хобонданӣ дароварду хоби худаш ҳам бурда монд, вале маро рӯзона ҳеҷ хоб намебурд. Барои худро бо коре андармон намудан дар рӯйи кати зери чормағз гилем партофта шерозпоча медӯхтам, ки баногоҳ “Хайр кунед” гӯён, аз дарвоза се ҷӯгии ҷавон даромаданд. Пештар ҳеҷ гоҳ ба ҷӯгиҳо рӯйи хуш намедодам, аммо он рӯз худ аз худ дар вуҷудам хоҳиши бо ҷӯгиҳо гап задан пайдо шуд. Яке аз он ҷавонони ҷӯгӣ гӯшвору ангуштарин ва дастмонаҳои зебои нуқрагинро бо мақсади фурӯш ба ман нишон дода, табассуми зебо кард. Ороишоти заргариро тамошокунон аз таги чашм гоҳ-гоҳ ба ҷӯгибача менигаристам. Ҷӯгибача сабзина бошад ҳам, ситорагарм буд ва чашмони кабудфомаш ба худаш мезебид. Сар аз тамошо бардошта гуфтам:
-Бисёр зебо, аммо пул надорам!
-Саноқул, ба ҳамин духтари хушрӯ як чиз туҳфа кунӣ, ҳеҷ гап намешавад,-ба ҳамроҳи зеварфурӯшаш ба таври худ шухӣ кард яке аз ҷӯгибачаҳо.
-Ҳа, туҳфа кун, раваду дилаша ёбию янга шавад,-гапи рафиқашро об дод ҳамроҳи сеюмашон.
Саноқули зеварфурӯш дудила шуда намедонист чӣ кор кунад. Ранг бурдану ранг овардани ҷӯгибачаи заргарро дида ман ҳам ба ҳазли дӯстонаш шарик шуда гуфтам:
-Аз ҷӯгиҳо чиз гирифта намешавад,онҳо фақат аз мардум мегиранд!
Ин гапам ба иззати нафси Саноқул магар сахт расид, ки гуфт:
-Хато мекунӣ, мо сахти мурда нестем. Марҳамат, кадомашро, ки мехоҳӣ, бигир!
Барои санҷиш даст ба ҳалқаҳои қафасии баргакдоре бурдам, ки бо санъати хоса, хело зебо сохта шуда буданд.
-Шуд, ҳамин аз ту, фақат бо як шарт, онро худам ба гӯшат меандозам,-Шарт гузошт ҷӯгии гулдаст.
Ман хандон гӯшамро доштаму Саноқул ҳалқаро ба гӯшҳоям гузаронда “насиб кунад” гӯён баромада рафт...
“Язна” бедарак шуду...
Аз байн қариб як моҳ гузашт. Ба хонаамон ҷӯгиҳо гоҳу ногоҳ меомаданд, вале аз Саноқул дигар дарак набуд. Апаам, ки аз қиссаи ҳалқаҳои туҳфакардаи ҷӯгибача бохабар буд, баъзан шӯхикунон ӯро “язна” номида мегуфт: “Язна дигар намеомада бошад, ки ин дафъа ягон чалаашро бе пул гирем!” Ҳарду бо завқ аз таҳти дил механдидем. Мани дар умрам ягон бор ошиқ нашуда гоҳ-гоҳ беихтиёр дар пеши назарам ҳувайдо гаштани чашмони кабуди Саноқулро эҳсос намуда, худ ба худ мегуфтам: “”Мабодо ба он ҷӯгибача ошиқ шуда бошам?” Росташро гӯям, аз ин андеша ба танам мурғак медамид ва дарҳол гиребони тавба дошта “астағфуриллоҳ”-мегуфтам. Дар назарам дӯст доштану ошиқ шудан ба ҷӯгӣ даҳшат менамуд, вале...
Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад
Ҳамроҳи апаам дар ошхона нон мепухтему кӯдакон дар пушти хона бозӣ доштанд.
-Очаҷон, ҷӯгиҳо омаданд,-давон ба ошхона омад, духтарчаи калонии апаам Сабринаи шашсола.
Намедонам, чӣ қувва буд, ки маро давон аз ошхона берун кард, гӯё медонистам, ки ин дафъа дар байни ҷӯгиҳо Саноқул аст. Дар ҳақиқат ошнои деринам ин дафъа бо як ҷӯгибачаи нисбатан хурдтар ба деҳа омада буд. Саноқул маро дида табассумкунон салом дод.
-Барои чӣ ин қадар дер омадӣ?-Пурсидам беихтиёр.
Ба саволам ҷавоб надод, аммо дар чашмони зебояш шарорае барқ зад, ки дили ман аз он якбора оташ гирифт.
Ману апаам ороишоти нуқрагини Саноқулро ба даст гирифта, аз назокату зебоияшон лаззат мебурдем. Ҳар як ороишот бо нозукии махсус сохта шуда буд.
-Инҳоро кӣ месозад?-Пурсид апаам.
-Худам сохтам. Ҳунари авлодӣ... Падару бародарон ва хоҳарам ҳам заргаранд,-ҷавоб дод Саноқул.
Он рӯз апаам барои худашу духтарчааш гӯшвор харид, Саноқул бошад ба нею нестонам нигоҳ накарда ба ман дастмонаи зебоеро туҳфа кард...
Сирри фошгашта
Симои Саноқул, чашмони зебову табассуми зебандааш ҳеҷ аз лавҳи хотирам дур намешуд. Шабу рӯз ҳушу ёдам банди вай буд. Ба хотири Саноқул тамоми ҷӯгиҳоро дӯст медоштагӣ шудам, вақте онҳо меомаданд, баҳри дилам кушода шуда, рафтанашонро намехостам. Мехостам аз онҳо дар бораи Саноқул бипурсам, вале шарм медоштам.
-Санавбар, рӯзе нест, ки номи ҳамон ҷӯгибачаро нагирӣ, мабодо ошиқ нашуда бошӣ?-Пурсид апаам як бегоҳ.
Ба ҷои посух додан ба саволаш гириста фиристодам ва давида ба хона даромадам. Апаам “дарди бедаво”-и маро пайхас карда аз пасам ба хона даромад ва сахт карда гуфт:
-Ақлата ба сарат бигир духтар, агар дадааму акаҳоям фаҳманд, ки ту ба як ҷӯгӣ ошиқ шудаӣ, маро пӯст мекунанд! Наход дар дунё дигар одам ёфт нашавад, ки ту ба як ҷӯгӣ ошиқ шавӣ?!
Фаҳмидам, ки Саноқулро дӯст доштани ман ба апаам нафоридааст. Пушаймон шудам, ки сустиродагӣ карда сирамро бой додам, зеро боварӣ доштам, ки апаам дигар Саноқулро аз дари хонааш даромадан намемонад...
ДАВОМАШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!