Дар ноҳияи Обчински вилояти Калугаи Русия устои хиштчини зодаи Тоҷикистон ҳангоми фаровардани масолеҳи сохтмонӣ аз ошёнаи нуҳум афтида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия хабар додаст.
Бино бар иттилои Кумита ин ҳодиса рӯзи 29 июн дар майдони сохтмоние дар шаҳри мазкур рух додааст.
Устои хиштчини тоҷик 59 сол дошт. Ӯ дар ошёнаи 9 - ум қарор дошт ва масолеҳи сохтмониро мефаровард. "Ҳамин вақт масолеҳи сохтмонӣ мерезад ва мард аз баландӣ ба ҳудуди берун аз майдони корӣ меафтад", - навиштааст манбаъ. Дар натиҷа, муҳоҷири 59-солаи тоҷик дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст. Тафтишоти қазия идома дорад.