Дар айёми ҷавонӣ гуноҳи бисёр кардам ва ҳозир пушаймон шудаам, аз мурдан ва дар пешгоҳи Худо ҷавоб гуфтан метарсам. Чӣ кор кунам, ки Аллоҳ маро бубахшад.
Хонандаи “Оила”.
Ҷавоб:
Худованд тавбапазиру меҳрубон аст, агар бандаи гунаҳгор аз самими қалб ва холисона ба сӯи Ӯ бозгардад, албатта тавбаи ӯро мепазирад ва гуноҳонашро мебахшад.