Рӯзи 23-юми июн, соати 13:20 бар асари сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Шералиҷон", воқеъ дар деҳаи Алишери Навоӣ ҷамоати Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 8 кас ҷароҳат бардоштааст.
Гуфта мешавад, ки дар пайи ин таркиш чор корманди оташнишонӣ захмҳои сабук бардоштаанд. Сабаби ин таркиши зарфи пур аз гази моеъи ҳаҷмаш 10 тонна ва риоя нагардидани қоидахои бехатарӣ ҳангоми холӣ намудани сӯзишворӣ аз дохили автомашинаи интиқолдиҳандаи сӯзишвории нафтии тамғаи «Дулан» гуфта мешавад. Хушбахтона, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар нақлиёти интиқолдиҳандаи сӯзишвории нафтии тамғаи “Дулан” бо рақами қайди давлатии 45 69 ВМ 01 ТҶ ба ронанда Каримзода Асрорҷони Толиб, соли таваллудаш 1991, тааллуқ дорад.
Ба ҷойи ҳодиса кормандони Қисми мустақили 29 - уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳозир шуда, сӯхторро, ки дар масоҳати 60 м2 паҳн шуда буд, бартараф намуданд.
Бояд гуфт, ки дар кишвар чандин ҳолатҳои сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шудаанд, ки дар натиҷаи онҳо ба хонаҳои мардум зарари зиёд ворид шуда, чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Соли 2017 бар асари як чунин таркиш дар дар ҷамоати “Бустонқалъа”-и ноҳияи Кушониён (собиқ Бохтар) Маликхон Малахови 35 - сола фавтида, 21 нафар, аз ҷумла кӯдакону наврасон ҷароҳат бардошта буданд.