Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми чемпионати CAFA-2025 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола доир мешавад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи то 17-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон вориди майдони рақобат мешаванд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 15:00 дар назар аст. ТВ “Футбол” бозиро мустақим намоиш медиҳад. Дар бозии дигари даври дуюм мунтахабҳои Қирғизистон ва Эрон бо ҳамдигар бозӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввали мусобиқа дастаҳои то 17-солаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳам омада, вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими мунтахаби Қирғизистон анҷом ёфта буд.
Дар даври охири мусобиқа рӯзи 8-уми март Ӯзбекистон бо Қирғизистон ва Тоҷикистон бо Эрон бозӣ мекунанд.