ИДОМААШ.....
Аллакай дастону пойҳои Сайёра аз хунукӣ карахт шуда буданд. Боз палтои сиёҳранги танаш, ки ӯро фарбеҳтар мегирифт, аз вазнинӣ нафасашро ба танг меовард, тапиши дилашро дучанд зиёд мекард. Ба ҳамин аҳвол Сайёра яхҳои овезони порисаи хонаашро ҳам ба курчак афтонд, лекин барои рӯфтани роҳи ошхонаву ҳоҷатхона қувваташ нарасид. Аз ин рӯ, ӯ маҷбур шуд рӯфтани барфҳоро ба вақти дигар гузорад ва ҳоло барои нисфирӯзӣ хӯрок омода созад…
Сайёра рӯфтани барфҳоро ба вақти дигар монд. Ӯ як бандча ҳезумро аз ҳезумхона ба бағал гирифта ба хона даромад. Фирӯзаи хурдсолро дар ҳуҷра, дар ҷойи менишастаи Диловар дид. Сайёра ҳезумҳоро ба замин намонда, ба чашмони Фирӯза нигарист. Аз чашмони вараму сурхтоби духтараш пай бурд, ки ӯ аз субҳ то ҳол бо ёди падараш гиряро бас накардааст, як дақиқа ҳам хомӯш намондааст...
Фирӯза аз субҳ назди оташдон нишаста, ба коре даст намезад. Ҳатто лухтакбозӣ ҳам намекард. Ба гулҳои рангоранги гилем дида дӯхта, бо ёди падараш мегирист. Орзу мекард, ки падараш дубора зинда шавад. Охир, ӯ падарашро аз ҳад зиёд дӯст медошт. Як лаҳза ҳам намехост аз оғӯши падар дур шавад. Акнун, ки падараш дар наздаш нест, вай ҳама хушҳолияшро аз даст дода буд. Дигар китоби «Алифбо»-ро варақ намезад, ҳарферо аз он намехонд, такрор намекард, дар мактаб сардори синф шуданро ҳам намехост. Баръакс, рӯҳафтода шуда, ҳама ҳушу хаёлаш ба падараш буд. Акси падар: лабу дандон, қошон, бинӣ, ҳаракатҳо, хандаҳо, ҳазлу шӯхиҳо, дасту панҷаҳо ва қомати баланди падар аз назди чашмонаш дур намешуд. Ба машомаш бӯйи падар мерасид. Ба гумонаш дар хона аз падараш фақат ҳамин бӯйи танаш боқӣ мондааст. Ӯ ин бӯйро аз вақти марги падараш дар ин ҳуҷра ҳис мекунад. То вафоти падараш ин бӯй танҳо дар тани падар эҳсос карда мешуду халос. Фирӯза ин бӯйро хеле хуш медид. Ҳатто ҳангоми дар оғӯши падар хобидан ба падар наздик мешуду аз ҳавли гардании падар чуқур-чуқур нафас мегирифт. Акнун, Фирӯза ба худ мегӯяд: «Падарам мурданду бӯйи танашонро барои мо дар хона гузоштанд, бо худ набурданд. Чунки ӯ медонист, ки ман бӯйи ӯро хеле дӯст медорам. Ана барои ҳамин падарам дилаш ба ман сӯхту бӯяшро барои ман дар ин ҳуҷра монд… Барои чӣ падарам бӯяшро танҳо дар ин хона монда бошад? Чаро дар берун ҳам намонд? Охир, ман аз ин хона берун шавам, дигар ин бӯйро эҳсос намекунам. Бояд падар ин бӯйро дар берун ҳам мемонд, ки ман ҳангоми даву тоз дар ҳавлӣ ва ё лухтакбозӣ карданам нафас гирам. Ана дар дигар ҳуҷраҳо ҳам ин бӯй нест. Барои он нест, ки падарам дар ҳуҷраҳои дигар намехобиданд ва боз медонистанд, ки дар зимистон он ҳуҷраҳо хунук мешаванду ман дар он ҷойҳо истода бӯй кашам, хунук хӯрда мемонам… Э-эй, ана, фаҳмидам барои чӣ падарам бӯяшро танҳо дар ин ҳуҷра монда рафт. Ӯ медонистааст, ки агар бӯяшро дар берун монад, шамолҳо онро бо худ мебаранд. Дар хона бошад, шамол намешавад, бӯйи падарамро ба ҳеҷ куҷо бурда наметавонад».
Фирӯза соатҳои тӯлониро бо ин андешаҳо пушти сар мекард. Чӣ тавр гузаштани вақту соатро нофаҳмида мемонд.
Сайёра ҳезумҳоро назди оташдон монд ва рӯймоли назди даҳону бинияшро ба рости гулӯяш поён бурда, ба Фирӯза наздик шуд.
-Ту чаро ягон чизи ғафсатро напӯшидаӣ-ҳа? Чаро? Ақаллан ҳамон калтачаатро намепӯшӣ, боз хунук хурда, шах нашавӣ?,-гуфт модар ва назди Фирӯза нишаста, сари ӯро ба бағал гирифт.
-Очаҷон, хона гарм аст. Ана бинед, лахчаҳо то ҳол дар оташдон ҳастанд,- бо овози гиряолуд гуфт Фирӯза.
-Ту барои чӣ гиря мекунӣ, духтарам? Охир аз гиря кардана чашмҳоят суп -сурх шудаанд.
-Атаамро ёд кардам. Ҳа, атаамро. Ӯ дигар ба назди мо намеояд. Зинда намешавад. Моро партофта рафт. Фақат бӯяшро дар хона мондаасту халос.
Чашмони Сайёра намнок шуду дилаш ба сӯз омад. Зеро ин гуна суханҳои духтар ба мағзи устухонаш таъсир мерасонд, аламашро меовард. Охир, ӯ ҳам аламдор аст, шавҳарашро дӯст медорад, бо ёди Диловар то нимашабҳо хоб намеравад.
Сайёра чӣ гуфтанашро надонист. Гиря гулӯгираш мекарду ба зӯр худро медошт, чунки суханҳои Фирӯза дарду аламашро аз нав тоза мекард. Аз ин рӯ, ӯ аз назди Фирӯза дур шуданро беҳтар донист. Оҳиста аз ҷой хеста, ба назди оташдон рафт ва ҳезумҳоро ба он андохтан гирифт.
-Очаҷон, ман гурусна мондам.
-Ҳозир духтарам, ҳозир,-гуфт Сайёра ва дар ташвиш афтод. Охир, чӣ тавр ба ташвиш наафтад, ки дар хона хӯрдание надоранд. Худаш дар ягон ҷо кор намекунад, роҳи даромаде ҳам надорад, касе ба ӯ маблағ намедиҳад. Хайрият, дар рӯзияшон ҳамин ҳамсояҳои раҳмдил ҳастанд, вагарна ҳолашон чӣ мешуда бошад? Онҳо баъзан вақтҳо «хайри ҷон» гуфта, ба ӯ наску нахӯд, ҷуворӣ ва ё ягон пора нони гандумӣ ё ҷавию нахудӣ меоварданд. Мегуфтанд, ки бечора «бева»-и бекасу танҳост, роҳи даромаде надорад, савоб мегирем, савоб! Кампирҳою мӯйсафедони деҳа бошанд, ҳафтае то ду-се маротиба ба келинҳо ва ё духтаронашон таъкид мекарданд, ки ба Сайёра таъом баранд.
Миёни ҳамсояҳо аз ҳама бештар ба хонаи Сайёра мулло Ҳикматулло маводи ғизоӣ меовард. Ғайр аз ин, гоҳе дар масҷид ба дигарон таъкид карда мегуфт: «Кадоме аз шумо дастатон мерасаду хайр кардан мехоҳед, ба Сайёра хайр кунед. Бечора ҳеҷ кас надорад, ҷое ҳам кор намекунад, рӯзгораш-вазнин. Шумо ба ӯ садақа диҳед, иншоолоҳ хайратон қабул мешавад…». Ана ҳамин тавр, мулло Ҳикматулло мардумро ба кӯмаки Сайёраву Фирӯза даъват мекард, ба қавле ҷони Сайёраву Фирӯзаро аз гуруснагӣ мехарид.
Ҳар вақте мулло ба хонаи Сайёра меомаду ӯро медид, ким-чӣ хел суханҳои сарбаста мегуфт. Масалан, ҳангоми овардани маводи ғизоӣ ба Сайёра чунин муроҷиат мекард: «Аз ман миннатдор нашав, духтарам, ин ризқи ҳалоли худатон ҳаст, ҳаққи ҳалоли худатон, гиред- гиред, шарм надоред, духтарам !». Ин гапҳоро мулло ба кадом хотир мегуфт, маълум набуд. Шояд ин суханҳо барои рафъи хиҷолати Сайёра гуфта мешуданд. Ё, дар ҳақиқат, ин маводҳои ғизои ҳаққи ҳалоли Фирӯзаву Сайёра буданду аз ким куҷое махсус маблағ ба суроғаи мулло барои рӯзгузаронии Фирӯзаву Сайёра фиристода мешуд.
Сайёра дар бораи ин гуфтаҳои мулло хеле вақт андеша мекард, лекин аз онҳо чизеро фаҳмида наметавонист.
Ба ҳар ҳол ин суханҳои тасаллиятмонанди мулло хиҷолати Сайёраро фурӯ нишонда наметавонист. Ҳангоми омадани мулло Сайёра аз шарм намедонист чи тавр маводҳои ғизоиро қабул кунад. Ӯ на танҳо ҳангоми аз дасти мулло гирифтани хӯрокаҳо ба чунин аҳвол гирифтор мешуд, балки вақте дигар ҳамсояҳо ҳам барои ӯ хӯрду хӯрока меоварданд, лаблабӯи тагиаловкардагӣ барин сурх шуда мемонд.
Рӯз аз рӯз мулло ба хонаи Сайёра бештар меомадгӣ шуд, лекин бесабаб не, бо мақсади бартараф кардани корҳои мушкили хонаи Сайёра, овардани маводи ғизоӣ ва хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи онҳо. Барои ин кораш ба мулло кӣ дастуру супориш ва хоҳишу илтимос мекард, маълум набуд. Ё, эҳтимол, худи мулло чунин марди раҳмдилу меҳрубон асту бо хоҳиши худаш ба ин ду бечораҳол кӯмак мекунад. Ба ҳолу аҳволи Сайёраву Фирӯза раҳмаш меояду намехоҳад онҳо ранҷу машаққат кашанд: гурусна бимонанд, корҳои вазнинро иҷро кунанд ва барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба ҷустуҷӯи ҷойи кор бароянду ба дасти нохалафе афтанд.
Ин ғамхориҳо ва омаду рафти мулло Ҳикматулло каме ба дили Сайёраву Фирӯза қувват мебахшид. Чунки онҳо худро хеле нотавону танҳо меҳисобиданд ва ба чунин нафар, ба чунин такягоҳ ниёз доштанд. Бо вуҷуди ин, Сайёра ин тавр рӯшод омадани муллоро намехост. Вай меандешид, ки агар мулло ба хонаи ӯ тавре биояд, ки дар чашми ҳамсояҳо натобад, хеле беҳтар хоҳад буд. Мабодо аз омаду рафти мулло ҳамсояҳо бохабар монанду дар дилашон гумону шубҳаҳои бад пайдо шавад… Сайёра чанд маротиба хост ин фикрашро ба мулло гӯяд, вале ҷуръат накард…
Дар ҳақиқат, ин андешаи Сайёра дуруст буд. Чанде нагузашта баъзан занҳои ғайбатчиву туҳматгари деҳа омаду рафти муллоро ба хонаи Сайёра фаҳмида, ба ҳарзагӯӣ сар карданд. Онҳо лаби чашмаву канори кӯчаҳо ҷамъ шуда, дар ҳаққи Сайёраву мулло туҳмату буҳтонҳо мебофтанд. Дигар касе назди даҳони ҳамсояҳоро, ба хусус занҳои ғайбатчиву туҳматгари деҳаро пӯшонда наметавонист. Онҳо, ба қавле, бо ҳам «соз» гирифтани Сайёраву Ҳикматуллоро байнашон дар ҳар ҷо муҳокима мекарданд:
-Дар байнашон чӣ гапе ҳаст. Ин муллоро бинед, ҳар вақту бевақт бо ҳар баҳона назди Сайёра меравад. Ёфтаст шаҳри бедарвозаро. Кулбаи бемардина-да, кулбаи бемардина! Боз дасти холӣ не. Дар дасташ хӯрду хӯрока. Диден, гӯё ба ҳоли Сайёраву Фирӯза раҳмаш меояду ба онҳо хӯрока мебарад, аз аҳволашон хабар гирифтан мехоҳад. «Элак баҳонаю дидор ғанимат»,- гуфтаанд. Ҳамаи ин баҳона аст ... Мардум ӯро ҳурмату эҳтиром карда мегӯянд, ки покдоман аст. Рӯйи ин хел муллои покдоман дар гӯр… Мулло ҳам хом нест. Ӯ пухта аст. Бо ним коса ҷаву нахуд дили Сайёраро ба даст овардааст. Гӯё аз Худо метарсида бошаду хайр мекунад. Ба зану фарзанди худаша ин қадар хӯрду хӯрока намехараду ба Сайёра… Оҳ, муллои маккор, агар рӯзе рӯйи Сайёраро набинад, шаб хобаш намебарад. …Боз мулло дар масҷид таъкид мекардааст, ки касе ба вай хайр кунад, хайраш қабул мешавад. Аз куҷо хайраш қабул мешавад? Ба ин хел занҳои фоҳиша ҳаргиз хайр қабул намешавад. Ӯ -Сайёра бошад, як беваи фоҳиша шудааст, бо як муллои пир соз гирифтаасту ҷавонро ёбад, мемонад.
Ба ҳамин монанд гапу калочаҳо рӯз ба рӯз дар бораи муллову Сайёра зиёд шудан мегирифт. Аз ин гапҳои бефаросатонаи занҳо, ба қавле, гӯшҳои Сайёра гирифт. Ана, вай дигар омадани муллоро намехост. Ҳатто намехост дигар ҳамсояҳо ҳам ба хонааш дароянд, то атрофаш туҳмату бадгӯиҳо ба охир расад. Аммо Сайёраву Фирӯза бе кӯмаку дастгирии мулло Ҳикматулло ва дигар ҳамсояҳо зиста наметавнистанд.
Мулло Ҳикматулло ҳам ин гуна овозаву дарвозаҳоро шунида буд. Лекин вай парвое надошт ва алоқаи худро аз Сайёра канданӣ набуд. Баръакс, Сайёраро «духтарам» гуфта, ҳар рӯз аз аҳволаш хабар мегирифт. Ба фарзандонаш низ таъкид мекард, ки рафта барои Сайёра ҳезум шикананд, дигар корҳои вазнини вайро ба анҷом расонанд.
Дар ҳақиқат, мулло ба Сайёра мисли духтари худаш рафтор мекард, нигоҳубин менамуд ва ба ӯ нисбат ба дигар ҳамсояҳо зиёдтар кӯмак мекард. Чи мушкилоте, ки дар хонаи Сайёра ба амал меомад, кӯшиш мекард сари вақт онро ҳаллу фасл намояд. Вале он ҳама каму беши ғизое, ки мулло ба Сайёраву Фирӯза харида меовард, мардумро ором гузошта наметавонист. Мардум меандешиданд, ки мулло чаро ба онҳо ин қадар кӯмак мекунад. Аз куҷо маблағ меёбад. Охир, ӯ то дирӯз нони хӯрдан надошту имрӯз чӣ тавр метавонад ба Сайёра ин қадар кӯмак расонад, маводи ғизоӣ харад, барои Фирӯза сару либоси зимистона гирад ва ғайраҳо. Илова бар ин, мулло ҳар ҳафта, ки ба бозор мерафт, пеш аз рафтанаш аз Сайёра мепурсид, ки дар хона чӣ дораду чӣ не… Барои онҳо чӣ гуна маводҳои ғизоӣ лозим аст.
То марги Диловар мулло аз ӯ маблағ қарз мегирифт ва мегуфт, ки рӯзгораш беҳ нест, барои аҳли оила орду равғану шакар харидан лозим... Аммо баъд аз марги Диловар ӯ гӯё аз ҳамаи ин мушкилиҳо наҷот ёфтааст ва боре ҳам аз камбудиҳои хонааш дар пеши касе қисса намекунад, балки ба дигарон дасти мадад дароз менамояд.
Ин дастгириҳои мулло фикру хаёлҳои Сайёраро ба ҳар тараф мекашонд ва сарчашмаи ин хайру саховати мулло ба Сайёра чун муаммо буд. Чунки Сайёраро ҳеҷ бовараш намеомад, ки мулло аз ҳисоби худ ба онҳо ин қадар кӯмак кунад. Зеро маълум аст, ки дар ин солу замона мулло ҳеҷ гоҳ ин қадар маблағ намеёбад, ки ду оиларо хӯронаду пӯшонад. Ё шояд ҳамон қарзҳои пешинаро ба Диловар дар вақташ бар нагардондаву имрӯзҳо ба зану духтараш гардонда истодааст. Ё, эҳтимол, аз ким- куҷое махсус барои Сайёра ба суроғаи мулло маблағ меояд. Инро Сайёра чанд маротиба аз фикр гузаронида, аз худи мулло пурсида буд. Вале мулло зери лаб ханда карда ҷавоб дод: «Ангурро хӯру боғашро напурс».
Ба ҳар ҳол, луқмаи хайри мардуми деҳа ба тани Сайёра намечармид. Вай ҷойи кор меҷӯст ва ба худ мегуфт: «Эй Худованд, як ҷойи корам бидеҳ то луқмаи ҳалол ба даҳон барам. Ман мисли муфтхӯрҳо то кай аз ҳисоби дигарон шикамамро сер кунам? Ин гуна луқмаҳо аз гулӯям ба ҳузур намегузаранд».
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21—00 ИНТИЗОР БОШЕД!