Commerce bank may-june 2026
Бӯйи хиёнат (ҚИСМИ 1)
154

Ориф Назарро нимашабӣ зангҳои пай дар пайи телефонаш аз хоб бедор карданд. Профессор рӯйи тоблуи телефон рақамҳои духтарашро дида, хоб аз дидаҳояш парид, дилаш ларзид...

Анӯша танҳо зиндагӣ мекард бо ду фарзанди ноболиғ, шавҳараш дар садамаи автомобилӣ фавтида, зани нозанинашро ғамдору сияпӯш намуда буд. Дили падар дар сина чун кабӯтари ба дом афтода пар-пар мезад.

Анӯша бо гиря гуфт:

- Дадаҷон, аҳволи модарам бад, ӯро ба шуъбаи эҳёгарӣ бурданд.

Ориф Назар нафаси осуда кашид, хайрият Анӯшаву фарзандаконаш тинҷ будаанд…

Аввал нахост аз ҷойгаҳи гармаш дар ин нимашабии сарди зимистон, ки тарбарф пасу пеш мезад, хезад, вале ҳамсараш ӯро базӯр аз ҷояш хезонд:

- Хез мардак, ба хотири фарзандонат, хез…

Ориф Назар аз ҳавлияш, ки дар як канори ороми шаҳр воқеъ буд, ба беморхона роҳ пеш гирифт. Мошинашро дар роҳи яхбаста бо эҳтиёт меронд ва зиндагияш чун навори кино пеши назараш ҷилвагар мешуд…

Ҷавони донишманд

Ориф дар оилаи камбағал, дар яке аз ноҳияҳои дурдасти сарҳадӣ ба дунё омада, ба воя расид. Падару модараш даҳ фарзандро бо нони ҳалоли деҳқонӣ ба воя расониданд. Ориф - писари калонии онҳо хеле зираку доно буд ва мактабро бо медали тило хатм намуда, шомили Донишгоҳи тиббӣ шуд. Он солҳо ҷавонон танҳо тариқи дониш ва хеле кам ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешуданд. Ориф ҷавони дидадаро ва боақлу тамизе буду зуд дар қалби устодони донишгоҳ низ ҷо гирифт. Худро ба тамоми кор мезад, то пул кор кунаду муҳтоҷи касе набошад. Солҳои шуравӣ донишҷӯ метавонист бо идрорпулӣ як моҳ зиндагӣ кунад, аммо Ориф ҷавони устухонаш бо меҳнати деҳқонӣ шахшуда буд, бекор истода наметавонист. Дар курси дуюм аллакай бо кумаки як устодаш баъди дарс дар як беморхона кор мекард, санитар буд. Падари деҳқонаш чанд бор ба хабаргирияш омада, барояш каме маблағ дод, вале нагирифт, зеро медонист, ки падараш бо чӣ азобе пул меёбад. Оҳиста-оҳиста додарони дигараш донишҷӯ шуда наздаш омаданду ташвишҳояш зиёд шуданд. Дар курси охир мехонду падараш зиёд мехост ӯ ба деха биёяду хизмати мардуми ноҳияро кунад. Модараш барояш аллакай духтари зебоеро низ таги чашм карда буд, аммо дили Ориф ба ҳалқаи зулфи дигаре банд буд…

Нозанин

Нозанин духтараки резапайкари сабзина, дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мехонд. Байни ҷавонон як анъана буд, ки дар иду ҷашнҳо ҷавонони донишҷӯе, ки аз як ноҳия буданд, як ҷо ҷамъ меомаданд. Аз ноҳияи онҳо сӣ нафар донишҷӯ буданд, ки бо ҳам муошират мекарданд. Нозанину Ориф дар ҳамин гуна ҷамъомадҳо ба ҳам шинос шуда, аҳди ошиқӣ бастанд. Зуд-зуд ба кинову театр ва тамошои боғу гулгаштҳои пойтахт мерафтанд ва азм доштанд, ки баъди хатми донишгоҳ хонадор мешаванд.

Чун Ориф ин хабарро ба падару модараш расонд, онҳо чизе нагуфтанд, зеро ба писарашон боварӣ доштанд.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД