Наврӯз биё, ҳар нафасат бӯйи баҳор аст,
Рухсори ту ойинаи гулрӯйи баҳор аст.
Ҳар лаҳза хумори ту гирад ҷумла ҷаҳонро,
Он қалби ту ошуфтаи дилҷӯи баҳор аст.
Зангӯлаи бедории дунёи нави ту,
Эҳёи ҳама сабзаю гандуму ҷави ту.
Хуш омадӣ, эй мӯъҷизаорои табиат.
Хуш омадӣ, Наврӯзи Аҷам, соли нави ту.
Наврӯз биё, файзи ту, файзи ҳамагон бод,
Густурда пур аз неъмату нозе ҳама хон бод.
Ин муждаи ту пайки ҳама бахту нишот аст,
Ҳар рӯзи ту, наврӯзи ҳама пиру ҷавон бод!
ОЗАРМЕҲР
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,
Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Чашми фархундаю фирӯз муборак бошад!
Куртаи сабз ба бар карда зи нав кӯҳу камар,
Чун арӯсон шуда ҳар шохаи гул тозаву тар.
Марди деҳқон ба замин донаи армон пошад,
Сар кашад донаи афтода ба уммеди самар.
Боз аз хоб табиат шуда бедор имрӯз,
Соғари лолаи хандон шуда саршор имрӯз.
Дар кафи барг чу дурдона дурахшад борон,
Таҳ ба таҳ дар дили мо мисраи ашъор имрӯз.
Дӯстон, фасли дилафрӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!