sebiston july new
Бузургтарин доираи тоҷикӣ
638

Устои созҳои мусиқӣ аз Кӯлоб доирае сохтааст, ки бузургтарин дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин сеюмин доираи Сайиднодир Ҳайдарови 33-сола аст, ки як метру 80 сантиметр баландӣ дорад. Ӯ мехоҳад, даф ё доираи худро барои дарёфти рекордҳои Гиннес пешниҳод кунад. Барои сохтани доираи рекордӣ, Сайиднодир як сол омодагӣ дидааст. Ӯ пӯсти гови бузургҷусса ҷустуҷӯ мекард. Пас аз пайдо кардани пӯст онро дар ду моҳ сохт. Яке аз доираҳои бузургашро ӯ ба президенти кишвар тӯҳфа кард ва дар иваз ба ӯ 15 ҳазор сомонӣ дода буданд. Доираи сеюме, ки ӯ сохтааст, бузургтар аз ду доираи қаблӣ аст. Сайиднодир Ҳайдаров 13 навъ асбоби мусиқӣ месозад. Ӯ мегӯяд, аз Исроилу Амрико ва кишварҳои аврупоӣ харидорони маҳсулоташро дорад. Дар ин бора «Озодӣ» гузориш додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД