Commerc banl
Бузургони илму адаби тоҷик дар бораи Наврӯз кадом асарҳоро эҷод кардаанд?
21.03.2026
Oila.tj
29

Дар боби Наврӯз бисёр шоирони гузаштаву имрӯзаи тоҷик ашъори дилангез эҷод намуда, олимон осори зиёди илмӣ навиштаанд.

Ҳанӯз Хайёми бузург асоси илмӣ доштани ҷашни Наврӯзро дар “Наврӯзнома”-и худ қайд карда буд. Хайём дар бораи афзалияти Наврӯз мегӯяд: “Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар хушӣ ва хуррамӣ гузорад”.

Абӯрайҳон Берунӣ сабаби таҷлили Наврӯзро чунин шарҳ медиҳад: “Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат “Рӯзи Нав” ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст... ва эътиқоди порсиён андар Наврӯз нахуст он аст, ки аввал рӯзест ва замона бад-ӯ фалак оғозид гаштан...”.

Абдулқосим Фирдавсӣ ҷашни Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода, гуфтааст:

... Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,

Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар шинохт.

Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,

Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,

Фурӯ монд аз фарраи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро “Рӯзи Нав” хонданд.

Сари Соли Нав Ҳурмузи Фарвадин,

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор...

Устод Рӯдакӣ дар васфи баҳору Наврӯзи оламафрӯз гуфтааст:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тииб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Шояд ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт, шабоб аз паи машиб...

Саъдии Шерозӣ масти сабзаи тару сабои наврӯзӣ гашта, гуфтааст:

Алами давлати Наврӯз ба саҳро бархост,

Заҳмати лашкари сармо зи сари мо бархост.

Бар арӯсони чаман баст сабо ҳар гуҳаре,

Ки ба ғаввосии абр аз дили дарё бархост...

Аз Замин нолаи ушшоқ ба гардун баршуд,

В-аз саро наъраи мастон ба Сурайё бархост...

Ҳар дилеро ҳаваси рӯи гуле дар сар шуд,

На, ки ин валвала аз булбули танҳо бархост...

Нағмаи осмонии Ҳофиз танин меандозад:

Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Чу гул гар хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ...

Мавлонои Балх (Румӣ) аз омадани баҳор ба шӯру валвала меояд:

Омад баҳори ошиқон, то хокдон бӯстон шавад,

Омад нидои осмон, то мурғи ҷон паррон шавад.

Ҳам баҳр пургавҳар шавад, ҳам шӯра чун Кавсар шавад,

Ҳам санг лаъли кон шавад, ҳам ҷисм ҷумла ҷон шавад...

Масъуди Саъди Салмон ҳаждаҳ соли расо дар зиндон маҳбус буд. Дар ин солҳо бо ёди Наврӯз бо оби дида абёти зеринро навиштааст:

Дар орзуи бӯи гули Наврӯзам,

Дар ҳасрати он нигори оламсӯзам,

Аз шамъ се гуна кор меомӯзам:

Мегиряму мегудозаму месӯзам.

Дар хусуси таъсири Наврӯз ба инсоният устод Айнӣ мефармояд: “Ба сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми рустаниҳо рост омадани ин ид табиати Инсон ҳам ба ҳаракат медарояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон “Ҳамал – ҳама чиз дар амал” мегӯянд...”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД