Аҳмад Картали 40-солаи турк муддати 25 сол аст, ки бо молпарварӣ машғул аст, вале дар ин муддат боре дар фермааш ягон буз ё гӯсфанди ғайриодӣ ба дунё наомада буд.
Тавлиди бузғолае, ки ҳар ду чашмонаш дар пешонияш ҷойгиранд, барои ин мард ҳодисаи хеле ғайриодӣ гардид. Дар аввал Аҳмад сахт тарсида бошад ҳам, вале баъдтар худро ба даст гирифта, дарҳол мутахассисонро барои аз назар гузаронидани ҷонвараки булаҷаб даъват намуд. Намояндаи Донишгоҳи тибии ветеринарии Кадай доктор Аҳмад Уяр мегӯяд, чунин тарзи ҷойгиршавии чашми бузғолаи мазкур як намуди нуқс аст, ки ҳангоми он чашмон ба ҳам наздик ҷойгир мешаванд.
Чунин нуқсҳо модарзодӣ мешаванд ва аксаран одамону ҷонварон бо чунин иллат ба дунё меоянд.