Sebiston new 2024 october
Бурак Озчивит мотам дорад
3151

Рамазон Эвҷен, падари ҳунарпеша шинохтаи турк Фаҳрия Эвҷен ва падарарӯси ҳунарманди маъруфи турк Бурак Озчивит аз олам чашм пӯшидааст.

Дар ин бора хабаргузории «Кинотека» иттилоъ дода, менависад, ки Рамазон Эвҷен вақтҳои охир аз бемории саратони меъда ранҷ мебурд ва дар яке аз бемористонҳои шахсии шаҳри Истанбул табобат мегирифт. Падари Фаҳрия зодаи шаҳри Самсуни Туркия буда, модараш аз черкесҳои Русия мебошад. Фаҳрия аз худ бузург се хоҳари дигар дорад ва оилаи онҳо дар шаҳри Золингени Олмон зиндагӣ мекарданд, ки худи ҳунарпеша низ дар ҳамин шаҳр ба дунё омадааст.


АСРОРИ РОҲ ЁФТАНИ ТОҶИКБАЧА БА СИНАМОИ ҲОЛЛИВУД


Баъдан соли 1993 фашистҳо ба туркҳо зиддият нишон дода, онҳоро аз Золинген ронданд, зеро намехостанд, ки дар кишварашон туркҳо иқомат кунанд. Худи Фаҳрия нақл мекунад, ки як шаб падараш чароғи хонаро фурӯзон накарда, онҳоро аз тиреза ба поён партофт ва ҳамин тавр пинҳонӣ ба Туркия баргашта, аз фашистҳо раҳо ёфтанд. Бурак ва Фаҳрия моҳи марти соли 2017 дар Олмон номзад шуда, моҳи июни ҳамон сол дар шаҳри Истанбул хонадор шуданд. Моҳи апрели 2019 писарчаи дӯстрӯяки онҳо Каран ба дунё омад, ки ба наздикӣ 1-сола мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД