Sebiston new 2024 october
Моҳираи Тоҳирӣ: Аз Ғизол Иноят нафрат дорам…
3337

 

…Албатта, онҳо мехостанд, ки аз ҳуқуқҳои ман ҳимоя кунанд, вале худам нагузоштам, ки ин корро кунанд. Одами бадро ба Худо месупорам. Бигзор Худо худаш саришта кунад. Бадӣ лозим нест…

Чаро Моҳира аз Ғизол нафрат дорад? Шакли пурраи мусоҳибаро аз шумораи нави ҳафтаномаи «Оила» мутолиа намоед!

Ношукрӣ: зан шавҳарро бе дасту по ва модарро гадо кард

…Се сол шуд, ки дар ба дару хок бар сар ҳастем. Дар як хоначаи нимвайрона иҷора нишаста, ҳар рӯз 5 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳем. Мани аз рӯйи келини шаттоҳ бе хонаву бе хонумон гашта, маҷбурам, ки барои аз гуруснагӣ намурдани писари маъюбу маслуқам гадоӣ кунам…

Қиссаи пурдарду алами пиразанро донистан ва ба ӯ кӯмак кардан мехоҳед? Пас, шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила»-ро ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Модари 5-сола

… Замоне ки духтарак фарзанди якумашро таваллуд кард, ҳамагӣ 5- солаву ҳафтмоҳа буд. Азбаски устухони коси Лина инкишоф наёфта буд, табибон кӯдакро тавассути ҷарроҳии чоки қайсар гирифтанд…

Тақдири ин модари 5-сола чӣ шуд? Чаро ӯ дар бораи падари фарзандаш чизе намегӯяд? Шумораи ҷадиди «Оила»-ро аз дӯконҳои шаҳр пурсон шавед!

Бо либоси ҳайвондор намоз хонам?

Дар бештари майкаҳо ва либосҳое, ки ба бар мекунем, сурати ҳар хел ҳайвонҳо, паланг, шер, гурба ва ғайра нақш ёфтаанд. Хоҳишмандам, ки ба саволи он ки бо либоси ҳайвондор намоз хондан ҷоиз аст, посух гӯед. Ҷавоби шуморо бесаброна интизорам. Назира, н. Рӯдакӣ.

Ҷавоби саволи мазкурро аз саҳифаи «Оила ва Ислом»-и ҳафтанома ҷӯё шавед!

Замоне фаҳиша будам…

… Дар ин миён модарам ба бемории саратони меъда гирифтор шуданду ҳоламон бадтар шуд, илоҷи дигар наёфта, ба коркобӣ баромадам. Сарвари яке аз корхонаҳои бонуфуз пешниҳод кард, ки агар маъшуқааш шавам, маро ба кор мегираду ёриам мекунад. Розӣ шудам ба ошиқи пирам, ки аз ман сӣ сол калон буд…

Саргузашти талхи Ҳоҷибибиро аз аз шумораи нави ҳафтаномаи «Оила» пайгирӣ намоед!

Торти 110$-а ва моҷаро дар консерти Мадина Ақназарова

Ровии барнома музояда ташкил карда, як бурида тортро ба мухлиси ашаддии Мадина бо маблағи 7500 рубли русӣ баробар ба 1100 сомонӣ (110 доллари амрикоӣ) фурӯхтааст. Рӯзи дувуми консерт, шоми 16-уми феврал дар тарабхонаи «Гимназия»-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, ки Мадина аз соати 20:00 то як поси шаб дар хизмати мухлисонаш буд…

Дар консерти Мадина чӣ ҳодиса рух дод? Киҳо консерти ӯро вайрон кардан мехостанд? Шакли пурраи ин хабарро аз саҳифаи «Ситорарез» бихонед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем! Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо кардан два хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД