Sebiston new 2024 october
Бунёди Саудии Рушд онро бунёд кард
411


Бунёди Саудии Рушд бо назардошти аҳамияти таълим тасмим гирифтааст соҳаи маорифи Тоҷикистонро дастгирӣ кунад, ҳамчунон ки ин фаъолиятро дар дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар ҷаҳон анҷом медиҳад.

photo_2023-10-05_17-16-44
Ин нуқтаро Султон Абдураҳмон-ал Маршад, раиси иҷроияи Бунёди Саудии Рушд дар маросими расмии ифтиҳои мактаби нав дар ноҳияи Шаҳринав иброз дошт.

photo_2023-10-05_16-01-11

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ин кохи таълимӣ зимни марҳилаи чоруми тарҳи бунёди 34 мактаби миёна дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо ҷудо кардани қарзи имтиёзноки рушд ба маблағи 35 млн доллар барои истифодаи тақрибан 25 ҳазор талаба сохта шудааст.

photo_2023-10-05_16-01-15
Мактаби нав барои 620 хонанда ҷои нишаст дошта, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2022 дарҳои худро ба рӯйи толибилмон боз карда буд. Айни замон дар ин мактаб 606 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.

photo_2023-10-05_16-01-25
Абдуллозода Зиёдулло, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш қайд кард, ки Бунёди Саудии Рушд чор лоиҳаи рушди соҳаи маорифро маблағгузорӣ намудааст, ки он бунёди 57 мактаби таҳсилоти умумиро дар чор марҳила ба маблағи умумии 75 млн долл. ИМА дар бар мегирад.

photo_2023-10-05_16-01-30

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД