Дар шаҳри Душанбе бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои баландошёна аз ҷониби сохтмончиён нуқтаҳои махсуси партовҷамъкунии зеризаминӣ сохта шуда, мутобиқ ба талаботҳои экологӣ партовҳо бо навъҳо ҷудо гашта, сипас ба қуттиҳо ҷойгир карда мешаванд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба Oila.tj хабар доданд.
Гуфта шуд, ки ин иқдом ҷиҳати риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ, маърифат ва тарбияи экологӣ дар ҷомеа роҳандозӣ шуда, минбаъд, партовҳо ба навъҳо ҷудо мешаванд ва дар ҳар қуттӣ ҷойгир намудани кадом навъ партов навишта шудааст, ки чунин тарзи муносибат ба партов имконият медиҳад, то шаҳрвандон дар алоҳидагӣ партовро ба навъҳо ҷудо намуда, сипас онро ба қуттиҳо гузоранд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки ҳамзамон, таъмир ва азнавсозии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ идома ёфта, дар ин росто ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои дар ҷойҳои номувофиқ ҷойгир намудани партов дар 50 нуқтаи осебпазири ҳудуди ноҳияҳои пойтахт камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, ҳамарӯза аз болои онҳо назорат бурда мешавад.
Ба зикри масъулин, инчунин, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе баҳри беҳтар намудани ҳолати экологии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар назди биноҳои замонавии бунёдшаванда нуқтаҳои махсуси партовҷамъкунии зеризаминӣ, мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки ҳам сокинонро аз бӯйи бад мераҳонанд ва ҳам партовпартоиро дар ҷойи муқарраршуда таъмин менамояд.