Комёр ба рафтори занаш, ки пеш аз ин отифаву порсояш медонист, нигариста, як дасти сињаташро ба зӯр ба чашмонаш бурда, ашкашро пинҳон пок кард. Ва чун ҳарвақта рў ба осмон оварду аз Худо ба худаш марг талаб намуда, зери лаб пичиррос мезад:
-Худоё, ман аз аввал ба ту бовар надоштам, на намоз мехондаму на рўза мегирифтам, дилам чӣ гунае мехост, ҳамон гуна давр мерондам. Аммо акнун, ки ту маро барои гуноҳҳои гўшношунидам ба ин ҳол гирифтор кардӣ, ман ба ту имон овардаам… Илтиҷо дорам, Худоҷон, ҷони маро бигир, мани нимколаи маъюб ба ҳеҷ кас дакор нестам, бигир ҷони марову халосам кун…
Пеши назари марди маъюб, ки назди тирезаи хонаяки хурди дуҳуҷрагии камбағалонааш нишаста, марги худро интизорӣ мекашид, чун навори кино лаҳзаҳои умраш падид омаданд…
Бодича
Комёр дар оилаи серфарзанде ба дунё омада, нони сериро кам медид. Ҳамеша либосҳои кўҳнаи бародаронашро пўшида, бузург шуд. Аз ҳад безеб, ки буд, ягон духтар ба вай аҳмият ҳам намедод ва ин ҳама дар дилаш оташи нафратро фурўзон мекард. Ў дил ба хондан баста буду аз таҳти дил мехонд, саводи хубе ҳам дошт. Хонданҳояш самар оварданду бо саводи хеш ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар дохил шуд. Айёми донишҷўйӣ ҳам касе ба ў аҳамият намедод, ў сарашро ба сангҳо зада, худашро ба тамоми кор зада, пуле меёфту онро сарфи ғизою либоси хеш мекард. Вале баъди дохил шуданаш ба донишгоҳ он қадар бодигӣ мекард, ки мегуфтӣ дигар дар дунё ғайри ў ягон донишҷў нест. Чун вақти зангирияш расид, ягон духтар зани ў шудан намехост. Падари бечорааш бо зориҳои зиёд духтари як хешашро гирифта, ба ў дод. Ҷонгул духтараки безебаки назарногир, вале ҳунарманду хоксор буд. Бодичаи мо баъди хатми донишгоҳ дар як корхона ба кор шурўъ карду аз як хобгоҳ ҳуҷраяке гирифта, занашро овард. Ин нодида тамоми ёфту тофташро сарфи худаш мекард, зиндагиро бошад, занаш бо фурўхтани сабзавот дар бозор пеш мебурд. Оҳиста –оҳиста каме пул ҷамъ кардаву аз хешу табор қарз гирифта, як хонаи якҳуҷрагӣ, баъдтар дуҳуҷрагӣ харид. Акнун онҳо соҳиби як писару як духтар буданд ва Комёр низ пули хуб меёфт. Акнун занаш аз бозоршинӣ халос шуду дар як сехи қаннодӣ ба ҳайси пазандаи шириниҳо ба кор оғоз кард, зиндагияшон миёнҳолона мегузашт, вале Комёри бодича аз худаш ҳамеша олигарх метарошид, хоса дар назди занон…
Вохўрӣ бо ишқ
Дар ҷойи кор ҳам ҳеҷ кас Комёрро писанд намекард ва занон байни ҳам ҳар гуна лақабаш мегузоштанд, ғук, пачақ, шрек ва ғайра… Аммо бодичаи мо, ки акнун як мошини шаллақ ҳам дошт, каттагияшро ҳеҷ бас намекард ва ба ҳар зани аз пешаш баромада гап мепартофт. Солҳо гузаштанду Комёр ишқи ҳақиқиро вохўрд ва худашро дар осмони ҳафтум эҳсос мекард…
Комёр ҳар бегоҳ дер аз кор мебаромад ва бисёр вақт чашмаш ба ҷавонзани қоматбаланди зебое меафтод, ки марди маъюберо назди гулгашти пеши корхонаи онҳо дар аробача сайру гашт медиҳад. Ҷавонзан ниҳоят зебо буд, қомати баланду мўйҳои марғула, табассуми ҷузномези даври лабонаш ўро ба ким кадом актрисаи машҳур монанд мекарданд. Дили булҳавасу носерами Комёр аз дидани ин зебоӣ гум мезад ва чашмаш ба дидани ин манзара одат карда буд. Агар рўзе занро бо марди маъюб набинад, чизе гум кардагӣ барин зиқу саргаранг мегашт. Доим мехост пеши зан рафта, аз вай авҳол пурсад, вале аз нигоҳи ҷиддию қавақҳои андохтаи марди маъюб метарсид…
Як рўзи офтобии баҳорон Комёр аз корхона баромада, занро дид, ки танҳо бе мард рўйи хараки назди маҷнунбед нишаста, ба роҳи калон ба омаду рафти одамон назар андохта, андешаманд менишаст. Комёр аз фурсат истифода бурда, назди зан рафт ва оғоз шуд шиносоии ду нафар…
Моҳлиқо
Зан, ки Моҳлиқо ном дошт, ба Комёр дар бораи зиндагияш бо шавҳари маъюбаш нақл кард ва гуфт, ки имрўз як хеши дураш шавҳарамро ба саҳро, ба ҳавои кушод бурдааст, аз ин рў, танҳо нишастаам. Моҳлиқо нақл кард, ки аз издивоҷ бо Маҳмуд соҳиби як духтар аст, ки шавҳар дораду бо оилааш дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад. Шавҳараш баъди як тасодум дар ҷойи кораш маъюб гаштааст, ў тиҷорати хонасозӣ дошту боре барои санҷидани кори сохтмончиён ба ошёнаи баланди хонаи навсохте баромада, аз он ҷо ба поён афтода, маъюб мешавад.
-Ман аз чизе камбудӣ надорам,- гуфт Моҳлиқо,- тиҷорати шавҳрамро як хешаш пеш бурда, маблағи ёфтаашро бо мо ду тақсим мекунад. Худам дар китобхонае ба ҳайси китобдор то нисфирўз кор мекунам ва ба нигоҳубини шавҳари маъюбам бандам. Зеро ў ғайри ман касе надорад, волидонаш кайҳо аз олам гузаштаанд, шавҳарам фарзанди ягонаи эшон буду акнун танҳо бо писарони амакаш рафту омад дорад. Комёр бо меҳрубониву хушзабонӣ аввал ба Моҳлиқо дўст шуда баъдҳо дилашро ба даст овард. Акнун зани аз заҳматҳои тақдир хаста он қадар ба ин мард дил баста буд, ки дар назараш на безебии ў метофту на таърифҳои бепояву сергапии аз ҳад зиёдаш.
Комёр низ Моҳлиқоро дўст медошт, вале ин меҳр олудаи ҳирсу тамаъу худхоҳӣ буд. Мард бори аввал навозиши занро медиду худро дар осмони ҳафтум эҳсос мекард. Ҳамеша аз Худо марги шавҳари маъюби Моҳлиқоро талаб карда, худро хуҷаини мутлақи ҳавлии калони дуошёна ва сарвату давлати ин мард медид. Онҳо ҳар ҳафта як бор вомехўрданду ду-се соат сўҳбат мекарданд. Акнун Комёр пурра лаҷоми Моҳлиқоро ба даст гирифта, ба ў фармон дод, ки дигар шавҳари маъюбашро назди корхонаи онҳо сайр надиҳад. Аз зан ба ҳар баҳона тўҳфаҳо талаб карда, ўро ба як «гови ҷўшоӣ» мубаддал карда буд…
ДАВОМ ДОРАД...