35 years of independency
Бӯстон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба аскарӣ иҷро кард
01.10.2026
Oila.tj
129

Дар вилояти Суғд шаҳри Бӯстон аввалин шуда нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро кард. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар додаанд.

Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, гузаронида мешавад. Дар ин мавсим ба хизмати ҳарбӣ ҷавонписарони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд.

Ҷавононе, ки донишгоҳу донишкадаҳои олии кафедраҳои ҳарбӣ доштаро хатм кардаанд, баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад, зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ омӯхта, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат онҳо сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД