Дар рӯзи ҷашни “Наврӯз” - 21-уми март нахустин нуқтаи расмии колорасони бозори онлайнии “Wildberries” дар Душанбе ифтитоҳ меёбад.
Тибқи маълумот, нуқтаи фурӯши “Wildberries” дар маркази шаҳр, дар рӯ ба рӯи собиқ бозори маъруфи “Зелёний” ҷойгир аст.
Тавре гуфта мешавад, “Wildberries” як платформаи онлайнии фурӯш мебошад, ки имкониятҳои гуногуни хидматрасонӣ ва молҳои гуногуни кишварҳои зиёдеро пешниҳод мекунад, аз ҷумла либос, техника, воситаҳои ороишӣ, таҷҳизот барои хона ва дигар маҳсулот. Ин платформа барои истифодабарандагон осон ва роҳат аст, зеро метавонанд молро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон интихоб намуда, пардохтро ҳам онлайн ё баъди гирифтани мол анҷом диҳанд.
Нуқтаи фурӯши зикргардида ҳоло расман боз нашудааст, вале таблиғоти ширкат дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт ба мушоҳида мерасад.