Шаҳри Истаравшан бо вуҷуди таърихиву бостонӣ буданаш, инчунин дар зебогӣ беҳамтост. То хурӯҷи бемории коронавирус ҳамаруза ин сарзамини қадимӣ қадамҷойи сайëҳони дохиливу хориҷӣ буд.
Дар ин макон масҷиду мадраса, қалъаву кӯшк, мағозаву дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ, растаи оҳангарон ва дигар мавзеҳои таърихӣ бешуморанд ва ин маконҳо то ҳол побарҷо ҳастанд. Бозори марказии шаҳр низ яке аз ҷойҳои диданбоби ин диëр аст. Аммо, вақте дар таътили наврӯзӣ вуруди ин шаҳри азиз гардидам, ҷӯйборҳои бозори марказӣ ва қисме аз ҷӯйборҳои шаҳрро дар ҳолати бениҳоят ифлосу нороҳаткунанда дарëфтам. Ягон ҷӯйборе бидуни партов ба назар намерасид. Дар канори роҳ тӯда-тӯда партовҳо ки аз ҷӯйбор гирифта шудаанд, таби касро хира карда меистоданд.
Холаи Нигора фурӯшандаи кӯҳансоли бозор вазъро чунин шарҳ дод: “ Ҳарчанд гирду атрофи бозор ва дохили ҷӯйборҳоро рӯзе ду-се маротиба тоза кунанд ҳам, ҳамоно даррав ҳама ҷо пури “мусор” мешавад, чунки қутии партов дар ягон ҷо гузошта нашудааст.” Агар сатили партов дар якчанд нуқтаи бозор гузошта мешуд, шояд тозагӣ то дараҷае риоя мегардид. “Борҳо ба масъулини бозор муроҷиат карда гуфтам, ки дар ҳар ҷойи бозор як тои қуттии партов гузоранд, лекин ин қазия то ҳол ҳалли худро наëфтааст”-афзуд холаи Нигора.
Ифлосии атрофи бозор нагузошт, ки харидро ба анҷом расонам. Тасмим гирифтам барои тамошои зебоиҳои дохили шаҳр равам. Аммо...
Ҳамоно он селофану қоғаз, ниқобу пустлохи ҳар гуна шириниву хурданиҳо дохили ҷӯйборҳо шинокунон ҳамоно таъқибам мекарданд. Худро тасаллӣ медодам, ки дар ягон гӯшаи роҳ сатили партов дучорам меомадагист, лекин ҳатто як донаи он ҳам аз пешам набаромад.
Ифлосии гирду атрофи шаҳр Дилором ном сокини шаҳрро низ ба ташвиш гузоштааст: “Сабаби ифлосии ҷӯйборҳои бозор ва гирду атрофи шаҳр ин набудани партовқуттӣ аст. Агар дар ҳар сари роҳ яктоӣ сатили партов гузоранд, мардум бешак ба хотири саломатиии хеш ва зебогии шаҳр партовро ба дохили ҷӯйбору сари роҳ намепартоянду аз он сатилҳо истифода мебаранд.”
Дар баробари ин ҳастанд сокиноне, ки дилашон ба зебогию озодагии шаҳр месӯзад ва онҳо то ҷойи даркорӣ расидан партовҳои дар дасташон бударо бо худ гирди шаҳр мегардонанд. Дилором аз зумраи онҳо мебошад. “Боре аз бозор хот-доге харидам. Чун саросематар будам дар роҳ онро хӯрдам. Азбаски дар ягон гӯшаи шаҳр қутии партов наëфтам, маҷбур шудам салфеткаву селофанро то коргоҳ бо худ кашолакунон барам”-оҳи сар кашида, қисса намуд апаи Дилором.
Бар замми ин, ҷӯйборҳои назди мактаби ба номи Садриддин Айнӣ корношоям шудаанд. Ҳангоми боридани борон бинобар сабаби валангор будан об аз ҷӯйбор ба роҳ баромада барои гузаштан аз роҳ халал мерасонад.
Фасли баҳор худ мавсими хурӯҷи бемориҳои гуногуни сироятист. Ҳарорати ҳаво ҳам рӯ ба гармшавӣ оварда истодааст. Хоб рафтани партов дар сари роҳу дохили ҷӯйборҳо метавонад мушкилоти зиёдро эҷод намояд. Наздик шудани кӯдакон ба партову бозӣ кардан бо ҳар ашёи бо партов олудашуда аз эҳтимол дур нест. Аз ин лиҳоз барои беҳдошти саломатии сокинон ва ҳифзи муҳити зист ҳам масъулин ва ҳам худи сокинони шаҳрро мебоист масъулият ҳис намуд.
Аз ин лиҳоз аз масъулини идораи комуналии шаҳр хоҳиш карда мешавад, ки масъалаи гузоштани қуттии партовро ҷиддӣ таҳти назорат гиранд ва мушкилотро ба зудӣ бартараф намоянд.