arzon replenishment
Бозиҳои машҳури наврӯзии тоҷикӣ
129

Ҳамасола барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи Аҷам дар кишварамон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Маъмулан мардум дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз бо рӯҳияи идона дар канори рӯду дарёҳо ва майдонҳои сабзу хуррам ҷамъ шуда, дастархони идонаи пур аз шириниву кулчаҳои ширмол ва суманаку меваҳои рангоранг меороянд ва бо гузаронидани бозиҳои гуногуни наврӯзӣ машғул мешаванд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи машҳуртарин бозиҳои наврӯзии тоҷикона маълумот медиҳем.

ГӮШТИН

Дар рӯзҳои наврӯз қариб дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ мусобиқаи наврӯзии гӯштингирӣ барпо мегардад. Қабл аз ҳама ду мӯйсафед рамзан ба майдон меоянд ва бо рақс гирди майдон чархзанон мусобиқаро оғоз менамоянд. Ҷавонони далеру шуҷоъбар асоси суннати волои ниёгон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, мусобиқа мекунанд, неру месанҷанд. Дар маъракаи наврӯзӣ қаҳрамон шудан маънии бузург дорад ва то Наврӯзи оянда номи паҳлавони пирӯз вирди забонҳо боқӣ мемонад.

БАНДКАШӢ

Маъмултарини сабқати ҷавонони номҷӯ дар айёми баҳор бандкашӣ мебошад ва эшон ҳамчун рамзи посдории анъанаи ниёгон гурӯҳ-гурӯҳ қуввати худро месанҷанд. Ин намуди бозӣ боиси муттаҳид гаштани ҷавонон ва тақвияти ваҳдату ягонагӣ мегардад.

БУЗКАШӢ

Мусобиқаи бузкашӣ дар миёнимардуми тоҷик хеле маъмул аст. Аслан ин маросимро бо омадани ҷашни Наврӯз, яъне дар фасли баҳор бештар амалӣ месозанд. Махсусан дар вилояти Суғд, Хатлон ва водииҲисор ин анъана машҳур гаштааст. Тарзу усул ва қоидаҳои бузкашӣ дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон қариб як хел мебошад.

ЧАВГОНБОЗӢ

Чавгонбозӣ навъе аз варзишиқадимии тоҷикон аст, ки дар майдон савори асп баргузор мегардад. Бозингарон ба ду даста тақсим шуда, дар майдон кӯшиш мекунанд, ки бо чавгон гӯйро ба дарвозаидастаи ҳариф ворид созанд. Мусобиқаҳо дар байни дастаҳо аз деҳаҳои ҳамсоя низ сурат мегиранд. Шакли чавгони пиёда ё чавгони рӯи чаман низ маъмуласт.

ҶАҲИДАН АЗ БОЛОИ ОТАШ

Оини дигари наврӯзӣ ҷаҳидан аз болои оташ мебошад, ки онро аловпарак низ мегӯянд. Ин анаъана аз замонҳои қадим мерос монда, бо мақсади сӯзондани тамоми ғаму дард, беморӣ ва мушкилиҳои соли гузашта ва бо тани сиҳату хотири шоду руҳияи нав ба соли нав ворид шудан анҷом дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД