Бозиҳои ИДМ-2025: Варзишгарони тоҷик 22 медал ба даст оварданд
08.10.2025
Oila.tj
67

Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон имрӯз ба анҷом мерасад. Варзишгарони мо дар 6 намуди варзиш 22 медал ба даст оварданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар намуди бокс муштзанҳои навраси кишвар сазовори 1 медали тило, 2 нуқра, 4 биринҷӣ гаштанд. Ягона медали тилои Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Беҳрӯз Умаров дар вазни 50 кг мушарраф шуд. Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг), Акбарҷон Абдуллоев (57 кг) медали нуқра, Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг) миёни духтарон, Дамир Назаров (46 кг), Умарҷон Асроров (66 кг) ва Амир Нозимов (75 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар намуди ҷудо Юсуф Замонов (-50 кг) медали нуқра, Абубакр Худоиев (-55 кг) ва Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар қайиқронӣ Муҳаммадӣ Раҷабов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр медали нуқра, ба масофаи 200 метр медали биринҷӣ гирифт. Ҳамчунин, ҷуфти Ислом Носиров/Далер Носиров (К-2, 200 метр) сазовори медали биринҷӣ шуданд.

Дар гӯштии юнонӣ-римӣ Алишер Рӯзимадов (71 кг) ба гирифтани медали нуқра, дар ҳамин намуд Муҳаммадёсин Ибодуллоев (45 кг), Маҳдӣ Баротов (60 кг), дар гӯштии тарзи озод Идрис Баҳромов (-71 кг) ва Алиризо Баҳромов (-80 кг), инчунин дар таеквондо Абдуҷаъфари Баҳодур (54 кг), Нурулло Муродов (74 кг), дар самбо Назаралӣ Холов (64 кг), Ёсин Ҳукуматов (71 кг) ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф гаштанд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо, ки аз 28-уми сентябр то 8-уми октябр идома ёфт, 142 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш намояндагӣ карданд. Дар доираи Бозиҳо имрӯз қисми ниҳоии мусобиқаи гимнастикаи бадеӣ ва маросими пӯшидашавӣ доир мегардад.

Бо натиҷагирӣ аз 10 рӯзи мусобиқот дар 3-юм Бозиҳои ИДМ, Россия бо 225 медал (124 тило, 61 нуқра, 40 биринҷӣ) пешсаф аст. Озарбойҷон бо 178 медал (33-53-92) дар ҷойи дуюм, Беларус бо 119 медал (32-35-52) дар зинаи сеюм мавқеъ доранд. Тоҷикистон бо 22 медал (1-5-16) дар мақоми 7-ум аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД