Бозиҳои III-юми кишварҳои ИДМ аз 28-уми сентябр то 8-уми октябри соли 2025 дар 8 шаҳри Озарбойҷон баргузор мешавад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Тоҷикистонро 142 нафар варзишгар аз 18 намуди варзиш муаррифӣ мекунанд. Дар мусобиқа 59 нафар масъулину мураббиён ва 7 нафар намояндагони ВАО низ ширкат меварзанд.
Дар ин бозиҳо 246 маҷмӯи медалҳо аз 23 намуди варзиш тақсим мешаванд. Бештарин медалҳо (40 маҷмуъ) дар шиноварӣ супурда мешаванд. Дар мусобиқа наздики 3000 ҳайати варзишии ҳашт кишвари пасошуравӣ - Русия, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Ганҷа шаҳри асосии мусобиқа хоҳад буд, ки дар он маросими расмии ифтитоҳ ва пӯшидашавии мусобиқа баргузор мешавад. Ба ин далел, Ганҷа барои соли 2025 "пойтахти варзиши ИДМ" таъйин шудааст. Шаш шаҳри дигари Озарбойҷон низ мизбони чорабиниҳои гуногун - Габала, Гейгел, Евлах, Мингячевир, Ханкенди ва Шеки хоҳад буд. Мусобиқаҳо дар 12 иншооти варзишӣ баргузор мегарданд.
Бабрҳои қафқозӣ Бебир ва Лейло туморҳои расмии бозиҳо мебошанд.
Интизор меравад, ки кишвари мизбон бузургтарин ҳайатро дар бар гирад. 349 варзишгар аз Озарбойҷон ширкати худро тасдиқ кардаанд. Ҳайати дуюми калонтарин аз Русия хоҳад омад. Маълум шудааст, ки 263 варзишгари рус дар Бозиҳои 3-юми ИДМ ширкат мекунанд.
Аз Беларус 255 варзишгар, Ӯзбекистон 257 варзишгар, Қазоқистон 259 варзишгар, Тоҷикистон 142 варзишгар, Туркманистон 170 варзишгар ва Қирғизистон 85 варзишгар дар мусобиқа ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои I -уми ИДМ соли 2021 дар Русия ва II-юм дар Беларус соли 2023 баргузор шуда буданд. Варзишгарони то 23-сола дар ин мусобиқа ҳуқуқи иштирок карданро доранд.