Бозиҳои ИДМ-2025: Тими наврасони Тоҷикистон бо Беларус бозӣ мекунад
02.10.2025
Oila.tj
117

Дар Озарбойҷон сеюмин Бозиҳои ИДМ дар соли 2025 идома дорад. Тими то 16-солаи Тоҷикистон барои ҷойи сеюм дар Бозиҳои ИДМ-2025 бо ҳамсолони худ аз Беларус бозӣ мекунад.

Пас аз он, ки Озарбойҷон дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳисоби 4 бар 0 бар Қирғизистон зафар ёфт, тими мо бо 3 имтиёз аз зинаи дуюм ба даври дигар рафт ва онҷо барои ҷойи сеюм бо ҳамсолони худ аз Беларус бозӣ мекунад. Озарбойҷон ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Вохӯрии дастаҳои то 16-солаи Тоҷикистон ва Беларус рӯзи 3-юми октябр баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мо бо ҳисоби 1:0 аз Озарбойҷон мағлуб шуда, бо ҳисоби 7:1 Қирғизистонро шикаст дода буд.

Мавриди зикр аст, ки Бозиҳои III-юми кишварҳои ИДМ аз 28-уми сентябр то 8-уми октябри соли 2025 дар 7 шаҳри Озарбойҷон баргузор мешавад. Бозиҳои I -уми ИДМ соли 2021 дар Русия ва II-юм дар Беларус соли 2023 баргузор шуда буданд. Варзишгарони то 23-сола дар ин мусобиқа ҳуқуқи иштирокро доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД