Бозиҳои ИДМ-2025: Мадина Қурбонзода парчамбардори Тоҷикистон
23.09.2025
Oila.tj
138

Ҷудокори ҷавони тоҷик Мадина Қурбонзода парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ-2025 дар Озарбойҷон гардид. Мавриди зикр аст, ки Бозиҳои III-юми кишварҳои ИДМ аз 28-уми сентябр то 8-уми октябри соли 2025 дар 8 шаҳри Озарбойҷон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Тоҷикистонро 142 нафар варзишгар аз 18 намуди варзиш муаррифӣ мекунанд.

Дар ин бозиҳо 246 маҷмӯи медалҳо аз 23 намуди варзиш тақсим мешаванд. Бештарин медалҳо (40 маҷмуъ) дар шиноварӣ супурда мешаванд.

Дар мусобиқа наздики 3000 ҳайати варзишии ҳашт кишвари пасошуравӣ - Русия, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои I -уми ИДМ соли 2021 дар Русия ва II-юм дар Беларус соли 2023 баргузор шуда буданд. Варзишгарони то 23-сола дар ин мусобиқа ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Бозиҳои ИДМ-2025: Мадина Қурбонзода парчамбардори Тоҷикистон
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси