goodwell
Бозии Тоҷикистону Лубнон бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт
26.08.2026
Oila.tj
42

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи ҷамъомади таълимию тамринии худ дар шаҳри Бейрут бозии дуюми санҷиширо муқобили мунтахаби ҷавонони Лубнон анҷом дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид. Ин дуюмин бозии санҷишии мунтахаби Тоҷикистон бо Лубнон дар доираи ҷамъомади Бейрут ба ҳисоб меравад. Ҳамин гуна бозиҳо ба ҳайати мураббиён имкон медиҳанд, ки сатҳи омодагии футболбозонро санҷида, ҳайати беҳтаринро барои мусобиқаҳои расмии дарпешистода интихоб намоянд.

Мунтахаби U-20-и Тоҷикистон дар ин ҷамъомад талош дорад таҷрибаи бозигаронро зиёд намуда, ҳамоҳангии хатҳои гуногуни даста ва бозии тактикиро беҳтар созад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД