goodwell
Бозии футбол байни наврасони тоҷик ва Ҷопон ба фоидаи кӣ анҷом меёбад?
27

Дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дирӯз бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ рақобат намуда, бозиро мусовӣ ба анҷом расониданд.

Бозӣ дар шаҳри Ҷиддаи Саудӣ сурат гирифта, бо натиҷаи 5:5 поён ёфт ва ин ба наврасони тоҷик имкон дод, ки аз зинаи дуюми гурӯҳи “А” ба даври 1/4-ниҳоӣ роҳ ёбанд. Санаи 15-уми май футболбозони ҷавони тоҷик бо тими Ҷопон қувваозмоӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи наврасони футболбози тоҷик пас аз баромадан аз марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё ба мусобиқоти “Ҷоми ҷаҳон” роҳхат гирифтанд, ки моҳи ноябри соли равон дар Қатар баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД