Тими миллии Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон мусовӣ кард.
Ин вохӯрӣ дирӯз, 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Шериддин Бобоев ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, дар бозии аввали дӯстона, ки дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, яккачини Тоҷикистон мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буд.