Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо тими миллии Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯриҳо рӯзҳои 13 ва 15-уми апрел дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи технологияи информатсионии Тошканд баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд футзалбозони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вохӯрдаанд. Он замон вақти асосии бозӣ мусовӣ - 5:5 анҷом ёфта, дар зарбаҳои пеналтӣ комёбӣ насиби дастаи Ӯзбекистон - 3:1 гардидааст.