Formula 2025 may
Бозгашти шавҳари ношукр (ҚИСМИ 1)
15.05.2025
ДИЛОШӮБ
1552

Ишқи писари хола

Бибию бобои модариям аз дори дунё ду духтар доштанд, модари ман духтари калониро ба писари ҳамсояашон ба занӣ додаанду холаам бошад, пас аз хатми донишгоҳ дар пойтахт мондааст. Падару модари ман мудом дар хизмати бибиву бобоям буданд ва баъди хонадор шудани амакиҳоям тамоман барои зиндагӣ ба хонаи онҳо кӯчиданд. Мо чор фарзанд - ду писару ду духтар дар сояи меҳри волидон ва меҳрубониҳои бибиву бобоямон ба воя расидем. Холаам ҳар сол як маротиба дар тобистон бо писари ягонааш ба меҳмонӣ меомаду мо аз хурсандӣ ҷойи нишасташро намеёфтем. Холаам дар Душанбе дар як донишгоҳ муаллима буд. Ман духтари калонии оила будам ва баъди хатми мактаб бо маслиҳати холаам ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ супоридам. Донишҷӯ шудам, ҳарчанд мехостам дар хобгоҳ зиндагӣ кунам, аммо холаам нагузоштанд. Ҳамсараш аз бемории саратон оламро падруд гуфта буду дар ҳавлии калони барҳаво ӯ ва писараш Насим танҳо мезистанд. Насим дар курси дувуми Донишгоҳи тиббӣ мехонду бо мошин ба дарс рафта меомад, ҳар субҳ аввал маро бурда мемонд, баъд худаш ба донишгоҳ мерафт. Мо бо ҳам дӯстони хуб будем, вале оҳиста-оҳиста ошиқи шайдои якдигар гаштем. Холаам инро эҳсос карда, ба хонаамон хостгорӣ рафт, падару модарам ризо шуданд, баъди як моҳ бояд тӯй барпо мегашт, вале аввал бобоям, баъди додани чили ӯ бибиям оламро тарк карда, моро ғамгин сохтанд. Тӯйи мо ба таъхир афтоду баъди ҳафт моҳ барпо шуд.

Ману номзадам дар зери як бом дӯстона мезистем, байни мо ғайри суҳбатҳо ва бӯсаҳои гоҳ-гоҳӣ чизи дигар набуд. Тӯй тобистон, вақти таътил баргузор гашту ман ин даъфа келин шуда, ба хонаи холаам омадам...

Тавлиди шоҳписарҳо

Ман ба шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ гузаштам, зеро ҳомила шудам. Баъди гузаштани муҳлати ҳамл, Худованд ба ман ду писари дугоник доду сари холааму шавҳарам аз ин ҳадяи илоҳӣ ба осмон расид. Писаронам сергӯштаку зебояк ва ба ҳам чун себи дукафон монанд буданд. Холаи бечораам ҳам кори давлат мекарду ҳам кори хонаи калонро ба субут мерасонд. Ман фақат банди фарзандонам будам. Модарам гоҳ-гоҳ омада як ҳафта - ду ҳафта истода ба ман кумак мекард.

Солҳо иваз мешуданду Хуршеду Ҷамшеди ман низ қад кашида, ба воя мерасиданд. Дар ин миён шавҳарам донишгоҳро хатм карда, бо ёрии хушдоманам дар як бино, ошёнаи аввал хонаи якҳуҷрагиеро харида, ҳуҷраи дандонпизишкӣ кушод. Акнун ӯ субҳи барвақт ба кор мерафту бегоҳ бармегашт, ман низ дипломи омӯзгориямро гирифтам, лекин кор намекардам. Кори шавҳарам рӯз ба рӯз беҳтар мешуд, ӯ як марди замонавии соҳиби кору мошину пул ва хеле зебо, ман бошам, рафта-рафта ба як зани хонагӣ табдил ёфтам.

Поёни ишқ

Як рӯз ба холаам гуфтам, ки акнун писаронам мактабхон шудаанд, дар синфи сеюм мехонанд, агар иҷозат бошад, ман кор бароям. Аммо холаам насиҳатомез гуфт, ки то нафақа расидани ман ҳамагӣ ду солаки дигар мондааст, баъд ман хона мешинаму ту кор баро. Холаам аз дарди дил азият мекашид, дар Эрон ҷарроҳӣ ҳам карда буд, аз ин рӯ, бо ӯ бо эҳтиёт гап мезадем. Ман ҷуз розӣ шудан илоҷе надоштам…

Муносибати шавҳарам бо ман мисли пешин ошиқона ҳам набошад, маро ҳеҷ гоҳ намеранҷонд, писаронамро дӯст медошт, онҳоро ҳар саҳар худаш ба мактаб бурда мемонд ва баъди дарс ба хона меовард. Сермеҳмон будем ва ман ҳамеша пайи кору бори ин хонаи сермеҳмон банд будам.

Шавҳарам барои сайқал додани таҷрибааш ва омӯхтани тарзи нави шинонидани дандон ба Олмон сафар кард, он ҷо бояд ду моҳ дарс мехонд. Медонистам, ки аз ин ҷо ҳамроҳаш чор нафари дигар низ мераванд, вале намедонистам як нафараш зан аст. Хайр, агар медонистам ҳам, чӣ кор карда метавонистам? Ана ҳамин зани аз шавҳараш барои бефарзандӣ ҷудошуда, ки ӯ низ табиби дандон будааст, тӯли ду моҳ Насимро ба доми худаш афтонд. Падари фарзандонам аз Олмон тамоман каси дигар шуда омад. Акнун шаб дар миён ба хона намеомад, ба мактаб бурдану овардани Хуршеду Ҷамшед низ ба зиммаи ман буд. Ман лабамро зери дандон карда, чизе намегуфтам, ҳарчанд бегонадилии ҳамсарам рӯз то рӯз зиёдтар мешуд. Аммо холаам як шом ӯро наздаш шинонида, бо суҳбат кардан хост, аммо Насим ба модараш, ки барои ӯ ҳам падару ҳам модар буд, гапгардонӣ намуд. Байни модару писар чӣ шуду чӣ монд, ки ҳамон шаб холаамро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурдем…

(Давом дорад)

САБОҲАТ

Таснифи ДИЛОШӮБ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД