Таклифи аҷиби шавҳар
Баъди якуним соли зиндагии мо писаракам Шероз ба дунё омад, зиндагии мо ранги дигар гирифт. Табрез дигар маро кор кардан нагузошт, ман ба тарбияи фарзанд машғул будам, ў бошад, моро аз ҳама ҷиҳат таъмин мекард. Ҳамин тавр, чоруним сол зиндагӣ кардем, Шерози ман фарзанди дўстдор ва набераи эркаи ду хонадон сесола шуд.
Ҳарчанд шавҳарам моро аз ҳама ҷиҳат таъмин мекард, аммо ман эҳсос мекардам, ки ў кам-кам аз ман дур мешавад. Дигар он меҳрубониву дўстдориҳояш набуданд, як шом таклифе кард, ки ман дар ҳайрат мондам. Ў либосҳояшро ғундошта, ба ман гуфт:
- Ягона, ман мехоҳам дар муносибатҳоямон танаффус эълон кунам. Биё, аз ҳамдигар камтар дур зиндагӣ кунем, ман хаста шудам…
Ман имкони даҳон кушодан наёфтам, кӣ ў дарро аз пушташ пўшид… Чӣ қадар гиристам, худам медонаму Худо, як моҳ ин розро ба касе нагуфтам, гумон кардам Табрез пушаймон мешаваду бармегардад, вале ў наомад, баъд ин сирри оилавиямро ба модарам гуфтам. Ў хеле андеша карда гуфт:
- Рав, ҷойи кор ёб, ту Донишгоҳи тиббиро бо баҳои аъло хатм кардаиву духтури занона ҳастӣ. Худо хоҳад, рўзатро пеш бурда метавонӣ. Шерозро ман нигоҳ мекунам, баъд каме ба худ омадӣ, ба боғчаи бачаҳо медиҳемаш. Чӣ гуна амал кардани шавҳаратро вақт нишон медиҳад, муҳимаш ту на аз паяш рав ва на зорияш кун.
Баъди ду ҳафтаи саргардониҳо кор ёфтам, банди кору бор оҳиста-оҳиста аз ҳолати рўҳафтодагӣ баромадам. Худамро озод ҳис карда, аввалин коре, ки кардам, дигар намудани ранги зардеворҳои хонаҳо буд, ман хонаҳоро табъи дилам таъмир кардам. Баъд ранги мўямро иваз карда, либоспўшиямро ҳам тағйир додам. Ҳайрон мешудам, ки чӣ гуна ғуломи хоҳишҳои шавҳар будам, ў чизе мегуфт, ман ҳамон корро мекардам. Чизе ба ў маъқул буд, ҳамон хел мешуд, “аҷаб аблаҳ будам” мегуфтам дар дил…
Дар як соли танаффуси эълон кардааш, Табрез ақаллан як бор занг зада, аз аҳволи писарамон намепурсид. Хусурам аз олам гузашта буду хушдоманам гоҳ-гоҳ занг мезаду мепурсид ва мегуфт, ки “ту писарамро гурезондӣ”, боз ман гунаҳгор будам.
Ману шавҳарам ҳарду сивупанҷсола будем. Як рўз ҳамроҳи ҳамкоронам ба тарабхонае рафтем ва он ҷо баъди як сол шавҳарамро дидам. Ў дар мизи кунҷаки тарабхона бо духтараки ҷавони мўйсиёҳи лоғарандоме менишаст, пушташ ҷониби ман буд. Табрез гоҳе дастони духтарро мебӯсид, ҳарду мегуфтанду механдиданд…
Рўзи дигар ба суд рафта, аризаи ҷудошавӣ додам ва се рўз пас шавҳарам пайдо шуд. Рўзи истироҳатӣ буд, дар ошхона манту мепечонидам. Бояд модарам бо як ҳамкораш, ки ба мо мисли хешу табори наздиканд, меомаданд. Дар нимроғ кушода буд, Табриз бе тақ-тақ вориди хона гашту ба деворҳо назар карда гуфт:
- Чаро ин ранги безебро ба деворҳо задӣ,- баъд ба ман нигариста, илова кард,- оҳ мўйҳоятро кўтоҳ кардӣ, рангашро иваз кардӣ, аммо ба ту намезебад.
Ман бо ханда посух додам:
- Наход барои гуфтани ҳамин гапҳо омадаӣ?-ӯ ба гилагузорӣ гузашт:
- Чаро аризаи ҷудошавӣ додӣ, фикри писаратро накардӣ?- Ман ҳам паст наомада гуфтам, -наход писарат дар як сол як бор ҳам ба ёдат назад а? -Хеле пасту баланд гуфтем, Шероз ҳам аз хоб бедор шуду дар назди ман марди «бегона»-ро дида, чашмакони кабуди осмонияшро саволомез ба ман дӯхт. Ў падарашро фаромўш карда буд ё хафа буд, ки наздаш нарафт…
Пофишориҳои Табрез асаре надоштанду мо ҷудо шудем, гумон мекунам, ки дар муносибатҳои оилавӣ он вақте хастагӣ ба миён меояд, ки аҳли оилаатро дўст надорӣ. Ё не?
ЯГОНА
Таснифи Рухсора САИД