Sebiston new 2024 october
Бозгашти писари мурда баъди 12 сол Қисми 1
2165

 

Бобои Ислом дар богчаи наздихавлигиаш нишаста пиёз мекорид. Хамин вакт дарвозаи хавли бошаст так так шуду у садо баровард :

-Кист? Дароед, дарвозаи хавли кушода аст.

-Падарчонам..... Парвизи 12 сол бедаракгаштаи падар аз дар даромаду давон худро ба огуши падар партофт. Бобои Ислом лолу хайрон писарашро буй мекашиду зери лаб шукр шукр мегуфту метарсид, ки шодикаф шуда дилаш кафида намурад.

-Парвизи оташ, худати?

-Хо, отачон, садкаи кошои сафедат шавам, хоки пот мешаме отачон.

-Ох бачам... Хеч боварам намеояд ки ту ру ба руям зинда истодаи.

Парвиз гирякунон модарашро пурсон шуд.

-Ох бачаи гумшудаи ота, очат соли гузашта аз гамакои ту вафот кард. Чашмакош дар рохат чор ин дунёро тарк намуд. Сухт бароят бачаи калони ота🎄

Бобои Ислом зор зор мегиристу писарашро аз огушаш рахо намекард. Хамин вакт аз дари хавли зани Парвиз бо духтаронаш ворид шуданд. Суман Парвизро диду якбора ба замин бехуш афтод. Духтаронаш падарро нашинохтанд. Охир вакте ки Парвиз гум шуду аз у нишонае наефтанд, Махноз 8 сола буду Гулноз як сола. Парвиз духтаронашро бусакунон об оварда ба руйи хамсараш пошиду ох Сумани бовафоям гуен уро аз замин бардошт. Додари Парвиз Фируз аз хурсанди хеч ба худ намеомад. Дар ин хонадон 12 сол боз касе нахандида буд. Садои хушиву хурсанди нахустин бор шунида мешуд. Парвиз аз хамаи хонавода факат бахшиш мепурсид. Падар холо барои пурсидани саргузашти у шитоб намекард. Шаб падар як дафтари калонро ба писараш дароз карда гирён гуфт :

-Бачачонам, дар ин 12 соли бедарак гум шудани ту модарат шоира шуд. Гами ту уро ба навиштан мебурд

Менавишту менавишт. Шаб то субх намоз мехонд. Дар забонаш номи ту ин дунёро тарк кард. Аз гами ту фишори хуну сактаи калби шуд.

Парвиз дафтарро аз дасти падар гирифта ба хонаи хоб омад. Духтаронаш аллакай дар дигар хона хоб буданд.Хамсараш уро интизор менишаст. Гуфт, ки медони Парвиз холаам хамеша бовар дошт, ки ту зиндаи ва рузе аз рузхо аз дарвозаи хавли медарои. 🎄

Парвиз ашки чашмонашро пок карда сахифаи нахустини навиштан модарашро кушод :

'Хамаи хешу таборонам мегуянд, ки ту писари калони хона, чону чигарам бедарак гум шудаи. Ман модарам, туро таваллуд кардаам, дилам мегуяд ки ту зиндаи ва ин хама дуруг аст. Умед дар дилам намудааст. Бачачон, ту бисер вакт мегуфти, ки очачон шеьри итари бача ки дора, мири Хисор надораро хонамат. Бачаи чони оча, холо, гушна боши, ташна боши. Кучои? '

Парвиз ба навиштаи модар андармон нола мекард. Суман ин холати риккатовари шавхарашро дида илтимос кард, ки имшаб истирохат кунад, фардо навиштахои модарро мехонад.

Парвиз ба гуфтахои хамсараш рози шуд. Охир 12 сол аз бари ин зани солеха дур буд. Ин шабро мисли шаби аруси гузарониданд. Бобои Ислом субхи солехон кассоби хамсояро фаред карда гуфт ки ба хотири бозгашти писараш маьракаи калон медихад. Говеро захб карда ду деги калон ошу шурбо гузоштанд. Мардуми деха ин хабари хушро шунида давида омаданд. Хавли туйхонаро мемонд. Парвизро хамдехахо гирд карда дам ба дам пурсон мешуданд, ки то ин кадар вакт кучо буд. Парвиз гуфт, ки ин киссаи дурудароз аст.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД