Шаҳрванд Астагақулова Сулуви 70-соларо, ки муддати тӯлонӣ дар манзили истиқоматиаш ба амалҳои хурофотӣ машғул будааст, боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ, номбурда ба муштариёнаш ваъдаҳои беасос додааст, ки гӯё сеҳру ҷодуи онҳоро бароварда, барои муносибатҳои оиладорӣ, меҳру муҳаббати хонаводагӣ, кушоиши кор ва ҷинбарорӣ ба онҳо кумак мекарда бошад. Ӯ бо ин роҳ шаҳрвандонро фиреб дода, манфити молӣ ба даст меовардааст.
Вобаста ба ин, нисбати Астанақулова С. бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ карда шудаааст.