Кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино як марди 30-соларо барои ғоратгарӣ бо роҳи таҳдид ва зӯрӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Сафарзода Бахтовар, соли таваллудаш 2005 аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино дастгир шудааст. Номбурда санаи 17-уми январи соли ҷорӣ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви пойтахт ошкоро ва бо истифодаи зӯрӣ телефони мобилӣ, маблағҳои пулӣ ва дигар ашёҳои арзишманди шаҳрванд Мирзоев С.,-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
Айни замон гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 248-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гаштааст. Тафтишоти ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.