Кормандони милитсия сокини шаҳри Ваҳдат Холмаҳмад Тағойбековро, ки дар байни мардуми маҳаллӣ бештар бо лақаби "Хоҷӣ Холмад" машҳур буда, қаблан 4 маротиба суд шудааст, бо гумони қаллобӣ ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки ин мард бо ваъдаи кор дар Словакия 22 нафарро фиреб дода, ба Ӯзбекистон бурдааст.
Ҳоҷӣ Холмад ба муҳоҷирон ваъда додааст, ки пас аз хатми курсҳои ронандагӣ ва дарёфти асноди зарурӣ метавонанд ба Аврупо сафар карда, дар Словакия кор кунанд, вале онҳо дар шаҳри Тошкент 20 рӯз интизорӣ кашида бошанд ҳам, ба Аврупо рафта натавонистаанд.
“Пас аз он, ки ҳар кадомашон зиёда аз 700 доллари амрикоӣ пардохт намудаанд, ба онҳо кортҳо ва чипҳое додаанд, ки гӯё дар Словакия кор мекардаанд, аммо дар асл ин кортҳо танҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон амал мекунанд. Бо гузашти 7 моҳ Тағойбеков Холмаҳмад ягон нафари онҳоро ба ягон кишварии аврупоӣ равон накардааст”,- омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, ки ҳар як ҷабрдида барои тахт кардани ҳуҷҷатҳо, бақайдгирӣ, рафтуомад, ҷойи хоб ва хӯрок зиёда аз 12 000 сомонӣ хароҷот намудааст ва илова бар ин, миёнарав Тағойбеков аз ҳар кадомашон 1300 сомонӣ талаб карда гирифтааст, вале дар тӯли 7 моҳ аз 22 нафаре, ки ба ин мард бовар карда буданд, ягон нафар ба Словакия ва дигари кишварҳои Аврупо фиристода нашудааст.