Боздошти марди 52-сола барои фолбинӣ дар пойтахт
134

Кормандони милитсияи пойтахт як марди 52-соларо барои машғул шудан бо фолбинӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Эшонзода Умар, сокини 52-солаи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зимни машғул шудан ба фолбинӣ дастгир шуда, нисбаташ бо моддаи 482-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Суд ба Эшонзода Умар дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо таъин намудааст, ки ба 6 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД