Пулиси шаҳри Душанбе мардеро боздошт намудааст, ки дар фурӯхтани як манзили истиқоматӣ ба чанд нафар гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилии пойтахт боздоштшуда Аҳмад Абдулҳаев дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт ва ба қаллобӣ гумонбар аст.Абдулҳаев як хонаро ба чанд кас фурӯхта,а з ҳар як харидор 200 ҳазор сомонӣ гирифтааст ва маблағҳои гирифтаашро ба манфиати худ сарф намудааст. Аҳмад Абдулҳаев қаблан ҳам бо ҷурми қаллобӣ суд шуда буд, вале такроран ба ин амал даст зада, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Тафтиши қазия идома дорад.