Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти марде хабар додааст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо роҳи фиреб ба Украина бурда, ҳуҷҷатҳояшонро аз дасташон гирифтааст. Ин мард сокини шаҳри Конибодом буда, дар ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешавад.
Гуфта шудааст, ки ин сокини 36-солаи шаҳри Конибодом бо роҳи ғайриқонунӣ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба Украина бурда, ҳуҷҷатҳояшонро зӯран аз дасташон гирифтаву онҳоро кор фармуда, музди меҳнаташонро намедодааст.
Бино ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда чанд нафар муҳоҷирони меҳнатиро фиреб дода, ваъда кардааст, ки дар Украина ба ҳайси фурӯшанда кор мекунанд, вале баъдан аз додани музди меҳнаташон саркашӣ карда, онҳоро маҷбуран нигоҳ медоштааст. Аз ҷумла зиёда аз 900 ҳазор рубли русии музди меҳнати як муҳоҷири 33-солаи тоҷикро надода, аз додани 4,8 миллион рубли муҳоҷири дигари 32-солаи тоҷик саркашӣ намудааст ва бар замми ин, ӯро ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор намуда, талаб кардааст, ки ин маблағро ёфта диҳад. Боздоштшуда зиёда аз 2 миллион рубли русии музди меҳнати муҳоҷирони дигарро низ надодааст.
Айни замон нисбати гумонбаршуда бо моддаи 335-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Мувофиқи ин банди қонун ба ӯ ҷарима ба миқдори аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз азодӣ ба муҳлати аз як то ду сол пешбинӣ шудааст. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.