Кормандони милитсия як марди 33-соларо дар шаҳри Бохтар бо гумони авбошӣ дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшуда Ҷайлоев Б. С., соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, ки пештар бо моддаҳои 158-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ва 111-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, рӯзи 25-уми майи соли равон, соатҳои 23:00-и шаб дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Бохтар бо шаҳрванд Гулов Б. А., соли таваллудаш 1999 муноқиша намуда, бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба даст ва 1 маротиба ба қисмати пойи ҷабрдида зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Дар робита бо ин ҳодиса нисбати Ҷайлобов Б. С. бо қисми 3-и моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.